Миратулло Исоев
Field of activity:
Омодасозии пеш аз ҷарроҳӣ, беҳушкунӣ ҳангоми ҷарроҳӣ
More details about the specialist
Агар дар даврони қадим пизишкон беморонро қабл аз амали ҷарроҳӣ бо роҳҳои хашину дарднок беҳуш мекарданд, имрӯз дар дастраси илми тиб доруҳое ҳастанд, ки беморро аз дарди теғи ҷарроҳӣ эмин нигаҳ медоранд. Мутахассисе, ки ин доруҳоро ба бемор тазриқ мекунад ва аз аввал то охири амали ҷарроҳӣ дар канори ӯст, мутахассиси беҳушкунанда ё анестезиолог аст.
Анестезиолог аз кори дил, нафаскашӣ, фишор, набз, таб ва дигар узвҳои ҳаётан муҳими бемор дар рафти амали ҷарроҳӣ ва пас аз он муроқибат мекунад.
Миратулло Исоев, анестезиолог-реаниматолог, мутахассиси дараҷаи олӣ ва шахсиятест бисёр қавиирода ва дорои рӯҳияи баланд. Ӯ ҳудуди 25 сол боз машғули сабук кардани дарди беморон ҳангоми ҷарроҳӣ аст.
Ин мутахассиси кордон Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро дар соли 1993 ба поён расонд. Баъд аз хатми донишгоҳ давраи интернатураро бо тахассуси анестезиолог ба муддади як сол дар шаҳри Қурғонтеппа гузаронд ва ба муддати даҳ сол дар шуъбаи эҳёи Бемористони шаҳри Қурғонтеппа ҳамчун анестизиолог-реаниматолог фаъолият кард.
Ҳамчунин аз соли 2003 то 2013 боз даҳ соли дигар дар шуъбаи эҳёи Маркази миллии ҷумҳуриявӣ (Бемористони Қарияи Боло) дар шаҳри Душанбе ба унвони анестизиолог-реаниматолог ва мудири шӯъба кор кард.
Аз соли 2013 ба ин сӯ дар Бемористони Ибни Сино ҳамчун анестизиолог-реаниматолог фаъолият намуда, ҳамчунин мудирияти бахши эҳёи бемористонро бар дӯш дорад.