Шаҳло Бобоҷонова
Field of activity:
Ташхис ва табобати бемориҳои чашм.
More details about the specialist
Агар мушкили биноӣ доред ва ё аз инҳирофи чашмон ранҷ мебаред, мутахассиси бисёр донишманду кордидаи мо дар бахши чашмпизишкӣ ҳатман илоҷи дарди чашмони шуморо пайдо мекунад.
Шаҳло Бобоҷонова инсоне бо чеҳраи шод ва нерӯи мусбат, бонуе бисёр ҳалиму меҳрубон ва пизишке ҳирфаӣ ва дар муносибат бо дармонҷӯён ҳамеша хушмуомилаву хушгуфтор аст.
Доктор Шаҳло Бобоҷонова, пизишки дорои тахассуси дараҷаи олӣ бо беш аз 30 сол таҷрибаи корӣ дар бахши чашмпизишкӣ мебошад.
Дар тӯли таҷрибаи кории худ ба чашмони даҳҳо бемор биноӣ бахшида, онҳоро ба зиндагии солиму маъмулӣ баргардондааст.
Аз соли 2013 ин ҷониб дар Бемористони Ибни Сино ба қабул, муолиҷа ва ҷарроҳии чашм машғул аст.
Қаблан дар Маркази ҷумҳуриявӣ-клиникии эндокринология ҳамчун офталмолог-эндокринолог фаъолият кардааст.
Доктор Шаҳло Бобоҷонова Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро дар соли 1988 ба итмом расонд. Соли 2013 дар давраҳои омӯзишии бемористони шаҳри Ҳамадони Эрон ширкат намуда ва ҳирфаи ҷарроҳии чашмро аз худ кардааст. Ҳамчунин, соли 2018 барои боло бурдани дараҷаи тахассуси чашмпизишкӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси ҶТ омӯзиш дидааст.
Тамоми бемориҳои чашм, аз ҷумла норасоии рефракторӣ (дурбинӣ ва наздикбинӣ), оби марвориди синну солӣ, модарзодӣ, оризавӣ, баъди осебӣ; глаукомаи шадид, оризавӣ, модарзодӣ; конъюктивит, блефарит, кератит ва бемориҳои дигари чашмро бо равишҳои нав во бо истифода аз дастгоҳҳои замонавӣ ташхис ва табобат мекунад. Дар гузарондани амалиёти ҷарроҳии чашм, ба монанди факоэмулсификатсия, теномиопластика, блефаропластика, дакриосисториностомия, ҷарроҳии глаукома, синусатробекулаэктомия ва ҷароҳӣ бо равиши Мак- Ренолдсро таҷрибаи боло дорад.
Рӯзҳои пизириш: аз душанбе то ҷумъа аз соати 8:30 то 16:00
Шанбе аз 8:30 то 12:00