Сархадҷон Бобоалиев
Field of activity:
Ташхису табобати бемориҳои дилу рагҳо, ташхиси анжиографӣ ва анжиопластикаи шараёнҳои дилу гурда ва андомҳои поён, катетеризатсияи ғуфраҳои дил.
More details about the specialist
Сарҳадҷон Бобоалиев, муовини раиси бемористон доир ба табобат, духтури дараҷаи олӣ, аълочии соҳаи тандурустии Тоҷикистон, дорои 26 сол таҷрибаи корӣ мебошад.
Беш аз 10 сол аст, ки дар Бемористони Ибни Сино фаъолият мекунад ва ҳамарӯза ба машварат ва муолиҷаи беморон машғул аст.
Соли 1994 бахши муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар ҳамон сол такмили аввалияи ихтисосро дар Донишкадаи баъдаздипломии кормандони соҳаи тиб бо тахассуси кардиолог гирифтааст. Фаъолияти кориашро хамчун табиб дар шӯъбаи эҳёи Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил оғоз намуда, баъдан то соли 2009 ба ҳайси мудири шӯъба дар ин марказ кор кардааст. Аз соли 2009 аз рӯзи оғози кори Бемористони Ибни Сино дар ин ҷо кор мекунад.
Ҳамасола дар ҳамоишҳои байналмиллалӣ ва конфронсу ҷаласаҳои кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат мекунад.
Бори аввал соли 2010 ба муддати се моҳ ва соли 2012 ба муддати ду моҳ дар Эрон давраҳои ташхис ва табобати бемориҳои дил бо усули каронарографӣ ва ангиопластӣ (стентгузории рагҳои хунгард)-ро омӯхтааст.
Айни ҳол унвонҷӯи кафедраи бемориҳои дарунии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон буда, қарор аст ба зудӣ рисолаи номзадии худро дифоъ кунад.
Тамоми бемориҳои қалбӣ, аз ҷумла: норасоии қалбӣ, кардиомиопатия, нуқсони дил, аритмия, бемории ишемикии дил, аз ҷумла сактаи қалб, стенокардия, бемориҳои миокард ва ғайраро муолиҷа мекунад. Ҳамчунин дар ташхиси ангиографӣ ва стентгузории шараёнҳои дилу гурда ва пойҳо маҳорати баланд дорад.
Рӯзҳои пазириш: аз душанбе то ҷумъа аз соати 8:30 то 16:00
Шанбе аз 8:30 то 12:00