Аббоси Таваккулиён
Field of activity:
Бемориҳои системаи эндокринӣ ва диабети қанд
More details about the specialist
Дуктур Аббоси Таваккулиён, мутахассиси ғуддади дарунрез ё эндокринолог ва устоди Донишгоҳи Озоди Шоҳруд дар Симнон аст. Вай аз пизишкони варзида ва номдори бемориҳои дарунӣ буда, дар дармони аворизечун метаболизм, қанд, изофавазн, ҷоғар, кӯтоҳии қад ва ноборварии занон таҷрибаи баланд дорад.
Ӯ пас итмоми таҳсил дар мадраса вориди Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад шуд ва ҳафт сол (1974 – 1981) дар онҷо дар риштаи пизишкӣ таҳсил кард. Сипас ба муддати панҷ сол дар ҳамин донишгоҳ давраи тахассусии дастёриро дар риштаи бемориҳои дохилӣ сипарӣ кард. Баъд аз анҷоми ин давра дар риштаи бемориҳои дохилӣ имтиҳон дод ва рутбаи аввалро дар Эрон ба даст овард.Муддати ҳафт сол дар заминаи бемориҳои дохилӣ дар Эрон фаъолият кард.
Баъдан, бо таваҷҷуҳ ба касби рутбаи аввал дар ин замина муваффақ ба дарёфти бурси таҳсилӣ дар хориҷ шуд ва соли 1988 барои идомаи таҳсил ва такмили тахассус ба Шветсария рафт. Нахуст дар бахши бемориҳои қалби Донишгоҳи Лузон ба омӯзиш пардохт, аммо пас аз як муддати таҳсил ин риштаро канор гузошт ва баъди чаҳор моҳ барои таҳсил дар риштаи мавриди алоқааш, ки ғуддадшиносӣ ё эндокринолоҷӣ буд, бо дарёфти бурсияе ба Донишгоҳи Торонтои Конодо рафт. То соли 1992 дар Бемористони умумии Донишгоҳи Торонто ба кори омӯзишу пажӯҳиш ва дармони беморон машғул буд ва дар заминаи ғуддадшиносӣ дараҷаи болотаре касб кард.
Сипас, дуктур Таваккулиён аз Донишкадаи улуми пизишкии Бемористони Сан-Томас дар Лондон бурсия ва пазириш гирифт ва аз Конодо озими Бритониё шуд. Як сол дар Донишкадаи улуми пизишкии Бемористони Сан-Томаси Донишгоҳи Лондон дар заминаи эндокринолоҷӣ ба кори омӯзишу пажӯҳиш ва дармони беморон машғул буд. Баъд дар соли 1993 ба Эрон баргашт ва дар онҷо ба кору фаъолияти доимӣ идома дод.
Аммо қабл аз он ки ба Эрон баргардад, дар Бритониё барои кору фаъолиятҳои доимии пизишкӣ муҷаввиз гирифта буд. Худӣ ӯ дар ин бора мегӯяд: “Дар соли охире, ки аз Бритониё меомадам, як имтиҳони ҷомеъ барои арзёбии тахассусии пизишкон дар онҷо ҳаст ба номи Professional and Linguistic Assessment (PLAB), вобаста ба Шӯрои пизишкии умумӣ, ки озмуни онро додам ва барои ҳамеша муҷаввизи кори пизишкӣ дар Бритониёро дарёфт кардам ва пас аз бозгашт ба Эрон ду маротибаи дигар дар соли 1995 ба Бритониё рафтам ва дар Birmingham Women’s Hospital дар заминаи дармони ноборварии занон ва ЭКО такмили ихтисос гирифтам”.
Баъд аз бозгашт ба Эрон, дуктур Таваккулиён аз соли 1993 то кунун узви ҳайъати илмии Донишгоҳи Озоди Шоҳруд аст ва дар ин муддат китобҳо ва мақолоти фаровоне дар риштаҳои гуногун навиштааст. Аз ҷумла, 12 мақолаи ӯ дар маҷаллаҳои муътабари илмии байналмилалӣ нашр шудааст.
Ӯ ҳамчунин аз муътабартарин китобҳои марбут ба илми тибро дар Эрон дар заминаи сидроми метаболоик, диабет, тероид (зоб), кӯтоҳии қомат, ноборварӣ дар занон, изофавазн ба забони форсӣ навиштааст.
Дуктур Таваккулиён аз пизишкони шинохтаи Бемористони Ибни Сино ба шумор меравад, ки пайваста барои муоина ва дармони беморон ва ҳамчунин барои омӯзиш додани ҳамкоронаш ба Душанбе сафар мекунад.Ӯ садҳо нафарро, ки аз аворизи эндокринолоҷӣ ранҷ мебурданд, дар Бемористони Ибни Сино шифо бахшидааст. Аз ин рӯ дуктур Аббоси Таваккулиёнро дар Тоҷикистон ба хотири хидматҳо ва фаъолиятҳояш дар заминаи беҳдошти кишвар арҷ мегузоранд.