Мубин Аминов
Field of activity:
Ташхис ва табобати бемориҳои гурда ва роҳҳои пешоб, норасоиҳои ҷинсӣ
More details about the specialist
Аминов Мубин Муҳиддинович мудири бахши урологии Бемористони Ибни Сино, пизишки дараҷаи олӣ, уролог-эндоуролог, андролог.
Доктор Мубин Аминов аз соли 1981 то соли 1987 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил намуда, пас аз хатми донишгоҳ ҳамчун пизишк аввалин фаъолияти кориашро дар Бемористони марказии шаҳри Панҷекат шурӯъ кардааст. Такмили аввалияи ихтисосро дар соли 1988 дар кафедраи урологии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон гирифта, сипас соли 1989 барои гирифтани тахассуси андролог ба Санкт-Петербург рафтааст. Ҳамчунин, дар солҳои 2004-2005 дар шаҳрҳои мухталифи Русия давраҳои такмили ихтисосро гузаштааст.
Дар солҳои 2012-2014 дар давраҳои такмили ихтисоси урология ва нефрология дар ҷумҳурии Эрон ширкат кардааст.
Муддати ёздаҳ сол аст, ки дар Бемористони Ибни Сино бо пизишкони эронӣ кор карда ва таҷриба омӯхтааст. Доктор Аминов аз табибони кордону корозмудаи Бемористони Ибни Сино буда, ҳамеша бо чеҳраи кушода ва муомилаи хуш ба пазироӣ ва дармони бемороне, ки аз дарди гурда ва роҳҳои пешобрав ранҷ мебаранд, машғул аст.
Мубин Аминов дар тӯли фаъолияти кориаш зиёда аз ҳазор амалиёти ҷарроҳии урологиро анҷом додааст. Яке аз бузургтарин дастовардҳои доктор Аминов ва тамоми бахши урологии Бемористони Ибни Сино анҷоми ҷарроҳиҳо бо равиши муосир ва камзахм мебошад.
Доктор Аминов дар табобати бемориҳое чун аномалия (инҳироф), осеб ва латхӯрии гурда, роҳҳои пешобрав ва андомҳои таносулӣ, санги гурда, омоси гурда ва узвҳои пешобрав, варикосел, гидросел, безурриётӣ ва ғайра таҷриба ва маҳорати баланд дорад.
Рӯзҳои пазириш: душанбе то ҷумъа аз соъати 8:30 то 16:30
Шанбе аз 8:30 то 12:00