Малика Игамова
Field of activity:
Ташхис ва табобати бемориҳои мағзу аъсоб
More details about the specialist
Малика Игамова мутахассиси дараҷаи олӣ ва асабшиноси Бемористони Ибни Сино аст.
Доктор Малика Игамова беш аз 25 сол таҷриба корӣ дорад. Пизишки дорои тахассуси дараҷаи олӣ, аълочии соҳаи тандурустӣ ва инсони бисёр орому ботамкин мебошанд.
Ӯ аз таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино дар соли 1996 фориғ шуд. Пас аз итмоми донишгоҳ соли 1996 - 1997 давраи интернатураро дар кафедраи асабшиносии Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиббии Тоҷикистон ба итмом расонид.
Солҳои 1997 - 2015 ба ҳайси духтури асабшинос дар шӯъбаи асаби калонсолони Маркази миллии тиббии Тоҷикистон фаъолият намудааст, аз ҷумла, солҳои 2006, 2010 ва 2011 мудири ин шӯъба буд.
Ҳамзамон дар ҳамин солҳои 2006, 2010 ва 2011 ба ҳайси ассистенти кафераи асабшиносии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино фаъолият намудааст.
Солҳои 2005 ва 2019 дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиббии Тоҷикистон, давраи бозомӯзишро тай кардааст.
Солҳои 2009 ва 2011 такмили ихтисосро дар Институти илмии Академияи тиббии Федератсияи Россия ба анҷом расонида аст.
Соли 2010 давраи омӯзиши экспертизаи тиббиро дар Ҷумҳурии Қазоқистон гузаронидааст.
Солҳои 2015 - 2022 сармутахассиси Хадамоти давлатии экпертизаи тиббию иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе кор кардааст.
Аз моҳи августи соли 2022 ба ин сӯ дар Бемористони Ибни Сино ба пазироӣ ва муолиҷаи гирифторони бемориҳои асаб машғул аст.
Ӯ дар ҳамоишҳои байналмилалӣ ширкат ва суханронӣ кардааст. Муаллифи мақолаҳои илмии ихтисосӣ дар бахши асабшиносӣ мебошад.
Муассиси Ассотсиатсияи асабшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон “Нейрон” мебошад.
Аъзои Ассотсиатсияи байналхалқии асабшиносон мебошад.
Агар дучори ҳамлаи асабӣ ва ё дигар мушкилоти системи асаб шудаед, метавонед ба ин асабшиноси ботаҷрибаи бемористони мо муроҷиат кунед.
Тамоми бемориҳои асаб, бахусус эпилепсия, невралгияҳо, неврозҳо, оқибатҳои сактаҳо, хунрезии мағзи сар, осеби мағзи сар, осеби сутунмуҳра, остеохондроз ва оризаҳои он, бемориҳои ирсӣ ва пайдошудаи системи асаб, дарди нимсар, бемории Паркинсон, алоими паркинсонизми дуюминдараҷа ва ғайраро табобат мекунад.
Рӯзҳои пазириш: аз душанбе то ҷумъа аз 8:00 то 16:00 ва шанбе 8:00 то 12:00.