Ноҳида Ҳамроалиева
Field of activity:
Ташхис ва табобати бемориҳои дохилӣ ва сироятӣ. Қабули беморон ва роҳнамоӣ ба мутахассисон.
More details about the specialist
Пизишке, ки дар бораи ҳамаи бахшҳои тиб донишу маълумоти фарох дорад ва ҳама гуна бемориҳои даруниро метавонад табобат кунад.
Доктор Ноҳида Ҳамроалиева пизишки умумии (терапевт).Бемористони Ибни Сино аст. Бо дониш ва эътимод ба нафси боло, бо гомҳои устувору ҳадафманд, ва муҳимтар аз ҳама, бо ишқу алоқаи зиёд ба пешаи худ фаъолият мекунад. Ба ҳар беморе муносибати фардӣ дорад ва бисёр дилсӯзу ғамхор аст.
Ӯ соли 1999 аз бахши умумии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино бо дипломи сурх фориғ аз таҳсил шуд. Давраи коромӯзӣ ё ординатураро низ дар риштаи уфунатшиносӣ (инфексионӣ) дар соли 2001 бо дипломи аъло ба поён расонд.
Доктор Ноҳида Ҳамроалиева нахустин давраи фаъолияти кории худро ба унвони уфунатшинос дар Бемористони сироятии шаҳри Душанбе, дар солҳои ба қавли ӯ сахту душвори сар задани бемории домана дар солҳои 90 шурӯъ кард. Баъд аз муддате доктор Ҳамроалиева ба Русия рафт ва солиёни зиёде дар онҷо кору зиндагӣ кард.
Ноҳида Ҳамроалиева тайи 20 соли охир ба иловаи пизишкӣ шуғлҳои дигареро ба монанди муҳосибӣ, логистӣ ва мудирияти ширкатҳои хусусӣ низ имтиҳон кардааст. Аммо мегӯяд, ҳатто замоне ҳам ки бо амри рӯзгор машғул ба корҳои дигаре буд, аз пешаи аслии худ - пизишкӣ натавонистааст дур шавад. Аз як сӯ, алоқаи беандозааш ба илми тиб, ва аз сӯи дигар, муҳити хонаводагии пизишкӣ ӯро ҳамеша водор мекард, ки омӯхтаҳои пизишкии худро такмил кунад ва дар баробари анҷоми корҳои дигар, ба дармони беморон низ машғул бошад.
Доктор Ҳамроалиева бо пушти сар кардани давраҳои вижаи омӯзишӣ дар риштаҳои терапевтӣ ва пизишкии хонаводагӣ тахассус ва маҳоратҳои худро такмил кардааст. Вай пас аз бозгашт ба Тоҷикистон дубора ба унвони пизишки хонаводагӣ дар Маркази саломатии шаҳрии шумораи 13-и шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ кард. Аз соли 2019 ба ин сӯ дар Бемористони Ибни Сино ба унвони пизишки умумӣ (терапевт) фаъолият мекунад.
Доктор Ноҳида Ҳамроалиева ҳамарӯза дар Бемористони Ибни Сино ба расондани кумакҳои аввалия ва муолиҷаи бемориҳои дарунӣ машғул аст.
Рӯзҳои пазириш: Аз душанбе то ҷумъа аз соати 8:30 то 16:30
Шанбе: аз 8:30 то 12:00