Орифҷон Сатторов
Field of activity:
Ташхис ва табобати бемориҳои дилу рагҳо, ташхиси анжиографӣ ва анжиопластикаи шараёнҳои дилу гурда, катетеризатсияи ғуфраҳои дил.
More details about the specialist
Пизишке, ки сарсупурдаи кори худ аст ва мешавад ба ӯ пурра эътимод кард. Хуб медонад дар лаҳзаҳои душвор беморро чи гуна рӯҳбаланд кунаду хешовандонашро таскин бахшад. Маъмулан, одамон ба табибони миёнсол эътимоди бештар доранд, аммо бо садоқат ба кори худ, дониши қавӣ ва муомилаву рафтори махсус бо ҳар бемор, ӯ тавонистааст дар синни ҷавонӣ ин эътимодро ба даст оварад.
Миёни қалбшиносони Бемористони Ибни Сино танҳо пизишки ҷавонест, ки ҷарроҳиҳои дилро бо равишҳои замонавӣ ва камзахму беосеб анҷом медиҳад.
Сатторов Орифҷон Гафарович 12-декабри соли 1987 дар хонаводаи пизишкон ба дунё омадааст.
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро дар соли 2008 хатм намуда, давраи ординатураро соли 2011 дар Академияи тиббии пас аз дипломӣ дар шаҳри Санкт-Петербург ба поён расондааст.
Барои боло бурдани маҳоратҳои касбии худ ба кишварҳои зиёд сафар кардааст. Аз ҷумла, соли 2010 барои такмили ихтисоси кардиологияи интервенсионӣ ба Эрон, соли 2011 ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, соли 2015 ба Русия ва барои омӯзиши ангиохирургияи интервенсионӣ ва ренгтгенхирургия борҳо ба Қазоқистон сафар кардааст.
Орифҷон Сатторов аз соли 2011 ба ин сӯ дар Бемористони Ибни Сино ҳамчун кардиолог-интервенсионист ва фаъолият намуда, дар коронароангиография (ангиографияи рагҳо), ангиопластика (стентгузорӣ ё пластикаи дохилӣ) катетеризатсияи ғурфаҳои дил, табобати консервативии (доруӣ) бемориҳои дил маҳорати баланд дорад. Мудирияти бахши бистарии ангиографияро низ бар зимма дорад.
Рӯзҳои пазириш: аз душанбе то ҷумъа аз соати 8:30 то 16:30