Нозим Шодиев
Field of activity:
Ташхис, табобати консервативӣ ва ҷарроҳии бемориҳои гӯш, гулӯ ва бинӣ. Ринопластика ё риносептопластика; отопластика; форхед лифтинг; фейслифтинг; абдоминопластика; липосаксия; маммопластика; мандибулопластика
More details about the specialist
Табибе, ки дар ҳирфаи худ чандин маҳорат дорад. Шодиев Нозим Шокирович, на танҳо аворизи гӯшу биниро дармон мебахшад, балки шакли онҳоро низ метавонад тағйир диҳад ва чеҳраву андомро зеботар кунад.
Шодиев Нозим Шокирович, мутахассиси гӯшу гулӯву бинӣ ва ҷарроҳи пластикии Бемористони Ибни Сино мебошад.
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро дар соли 2013 бо тахассуси пизишки гӯшу гулӯ ва бинӣ хатм намуда, фаъолияти кориашро як сол баъд аз хатми донишгоҳ дар Бемористони Ибни Сино шурӯъ кардааст. Ҳунари ҷарроҳии пластикиро соли 2016 дар шаҳрҳои Ҳамадон ва Машҳади Эрон омӯхтааст.
Доктор Шодиев дар баробари муолиҷаи бемориҳои гӯшу гулӯву бинӣ, ҳамчунин дар анҷом додани чандин навъи ҷарроҳиҳои пластикӣ ва табобатӣ дасти тавоно дорад. Асосан, ба ҷарроҳиҳои зебоисозии сурат ва андом машғул аст. Ба гуфтаи доктор, дар тӯли панҷ соли таҷрибааш дар анҷом додани амалҳои ҷарроҳӣ занҳо бештар барои тағйири шакли бинӣ ва пистон ба назди ӯ меоянд.
Нозим Шодиев ягона ҷарроҳест, ки амали дакриосисториностомияи эндоскопӣ – тармими канали ашк ва биниро дар Тоҷикистон анҷом медиҳад. Бо ин навъи ҷарроҳӣ каналҳои басташудаи ашк кушода ва муолиҷа мешаванд. Навъҳои зиёди ҷарроҳии гӯшу гулӯ ва бинӣ ва зебосозии сурату андом бо ҳузури доктор Нозим Шодиев дар Бемористони Ибни Сино сурат мегиранд:
Гӯш:
Тимпанопластика – ҷарроҳии пардаи шунавоии гӯш
Oссикулопластика – ҷарроҳии пластикии устухонҳои гӯш
Кошти ҳалазун (кохлеарная имплантация) – барои бозсозии шунавоӣ
Бинӣ:
Септо-пластика – ҷарроҳӣ барои тармими миёндевори бинӣ
Гайморополипотомияи эндоскопӣ – муъолиҷаи гӯшти зиёдатӣ
Этмоидотомияи эндоскопӣ – боз кардани синуси этмоидӣ аз тариқи бинӣ
Дакриосисториностомияи эндоскопӣ – тармими канали ашк ва бинӣ
Ринопластика – ҷарроҳии тармимӣ ва зебоии бинӣ
Гулӯ:
Танзилектомия бо коагулятор – бардоштани лавза ё бодомакҳои гулӯ
Аденотомия бо тариқи эндоскоп – бардоштани даруниандомии лавза ва бодомакҳои гулӯ
Анвоъи ҷарроҳии пластикӣ:
Блефоропластика – ҷарроҳии пилки чашмон
Мандибулопластика – ҷарроҳии ҷоғ ва манаҳ
Лифтинги (бардоштани) устухонҳои рухсора
Бартараф намудани нуқсонҳои устухони рӯй
Тармими пластикии сӯхтагиҳои пӯсти бадан
Мамопластика – хурду бузург ва ҷо ба ҷо кардани пистонҳо
Абдоминопластика – ҷарроҳии пӯсту чарбӯи шикам
Липосаксия - гирифтани чарбӯи зери пӯст ва ғайраҳо
Агар аз бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ ранҷ мебаред ва агар мехоҳед чеҳра ва андоми зеботаре дошта бошед, пас ба ин мутахассиси Бемористони Ибни Сино муроҷиат кунед.
Рӯзҳои қабул ва машварати доктор Нозим Шодиев аз душанбе то ҷумъа аз соати 8:30 то 16:30 ва рӯзҳои шанбе аз 8:30 то 12:00 мебошад.