Mahasti Sharopova
Field of activity:
Ташхис ва табобати бемориҳои беихтиёр омадани пешоб, систитҳои музмин, тангии маҷро дар занон, полипҳои маҷро, кистаҳои маҷро, амалҳои вагинопластика ва амалҳои эндоурологӣ дар занон
More details about the specialist
Маҳастӣ Шаропова урологи занон дар Бемористони Ибни Сино ҳамарӯза машғули машварат, муоина, табобат ва гӯш додан ба мушкилоти занон хоҳад буд.
Аз ин пас дар Бемористони Ибни Сино Маҳастӣ Шаропова урологи занон барои беморони зан хидмат мекунад.
Ӯ мегӯяд: “Дар ҷомеаи сунатие, ки мо зиндагонӣ мекунем фарҳанг, маданият ва урфу одати миллӣ сади роҳи муроҷиати саривақтии занон ба табиби уролог мегардад. Зеро занони мо аз нишон додани андоми худ ба табиби мард худдорӣ менамоянд ва аксари онҳо хеле дер ва дар ҳолати сар задани ориза маҷбуран ба уролог муроҷиат менамоянд. Худ чандин маротиба шоҳиди мушкилоти занон гардидаам ва тасмим гирифтаам ки пешаи урогенекологияро интихоб намуда, дониши худро мукаммал намоям, нозукиҳои ин касбро аз худ кунам, то ки занони тоҷик бемамоният ва сари вақт ташхису табобат ёбанд”.
Маҳастӣ Шаропова дар соли 2020 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси “Кори табобатӣ” хатм намудааст.
Соли 2018 дар айёми донишҷӯияш дар Донишгоҳи тиббии Қазоқистон малакаи давраи 6 - моҳаи бозомӯзиро тай карда, соҳиби сертификат гардидааст.
Аз соли 2020 то соли 2021 давраи таҳсили интернатураро дар кафедраи урология ва андрологияи Донишкадаи баъдаздипломии кормандони соҳаи тиб аз рӯи ихтисоси “Урология” гузарондааст.
Соли 2022 дар Донишгоҳи Шаҳид Биҳиштии шаҳри Теҳрон ва дар маркази урологияи Эрон дар Бемористони Шаҳид Лаббофи Наҷод давраи 9 - моҳаи фавқитахассуси урологияи занонро бо мувафаққият ба итмом расонидааст.
Соли 2022 дар бисту панҷумин Конгресси байналмилалии ассотсиатсияи урологҳои Эрон ва дар Конгресси Онкоурологҳои Эрон ширкат варзида, сазовори сертификат гардидааст.
Дар соҳаи урологияи занон ва эндоурология зиёда аз 27 навъи ҷарроҳиро омӯхта, анҷом додаааст.
Ӯ дар Бемористони Ибни Сино ба ҷарроҳӣ ва муолиҷаи ҳамаи анвоъи бемориҳои гурда ва роҳҳои пешобрав, аз қабили пиёлонефрит, систитҳои музмин, паранефрит, санги гурда ва роҳҳои пешобрав, омоси масона, омоси узвҳои ҷинсии беруна ва дигар бемориҳои гурда ва роҳҳои пешобгузар машғул хоҳад буд.
Ҷарроҳиҳои эндоскопӣ (дарунӣ), аз ҷумла ҷарроҳиҳои систоскопӣ ва тазриқи ботекс дар масона, уретероскопӣ, гузоштану гирифтани стент ба ҳолибҳо, васеъкунии маҷрои пешобрав, хориҷкунӣ ё гирифтани санг аз ҳолибҳо (литотрипсияи трансуретралӣ-TUL), амали ҷарроҳии TUR-BT-ро мустақилона анҷом медиҳад.
Ин мутахассиси ҷавон ҳамчунин ҷарроҳиҳои узвҳои занона, ҷарроҳиҳои беихтиёр омадани пешоб (Fascial sling, TOT, TVT), ҷарроҳии вагинопластика, ҷарроҳии полипэктомияи маҷро, ҷарроҳии тангии маҷро ва кистаҳои маҷроро анҷом медиҳад.
Рӯзҳои пазириш:
Аз душанбе то ҷумъа - аз соати 8:30 то 16:00
Шанбе - аз 8:30 то 12:00
Specialist services
Услуги специалиста | Цены | Запись |
---|---|---|
Мушовараи уролог | 85.0 | Записаться |