Field of activity:
Cardiovascular surgery: coronary artery bypass grafting with its minimally invasive methods, replacement and repair of heart valves, correction of congenital malformations in adults, endoscopic cardiac surgery.
More details about the specialist
Ҷаҳонгир Раҷабов ҷарроҳи ҷавон ва моҳири дилу раг (кардиохирург) - и Бемористони Ибни Сино аст.
Ӯ дар тӯли панҷ соли фаъолият садҳо нафарро ҷарроҳӣ карда, умри дубора бахшидааст.
Ҷаҳонгир Раҷабов таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро соли 2014 ба поён расонд.
Доктор Раҷабов дар айёми донишҷӯӣ (солҳои 2012 – 2014) ба ҳайси парастор дар бахши эҳёи Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дили Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Ӯ соли 2014 - 2016 давраи ординатураи клиникиро аз рӯйи ихтисоси 31.08.63 - ҷарроҳи дилу раг дар Институти технологияҳои тиббию иҷтимоии шаҳри Маскав сипарӣ кардааст.
Баъд аз хатми ординатураи клиникӣ фаъолияти худро ҳамчун ҷарроҳи дилу раг дар муассисаи “Маркази федералии ҷарроҳии дилу раг” - и шаҳри Пензаи Русия оғоз кард.
Аз соли 2018 то соли 2021 давраи такмили ихтисосро дар риштаи оризаҳо дар ҷарроҳии дилу раг, нишонаҳои музмини дард (НМД), ки ба ёрии тиббии паллиативӣ ниёз доранд: табобат ва барқароршавӣ (тибқи тавсияҳои тасдиқшудаи клиникӣ), масъалаҳои мубрами флебология ва масъалаҳои мубрами кардиохирургияро анҷом дод.
Соли 2022 бо даъвати раиси ҳайати мудирони Бемористони Ибни Сино Абдухалил Холиқзода ба шаҳри Душанбе омада, дар ин бемористон ба ҳайси ҷарроҳи дилу раг шурӯъ ба фаъолият кард.
Ҷаҳонгир Раҷабов аъзои Ҷамъияти ҷарроҳон (2017), аъзои Ҷамъияти ангиологҳо ва ҷарроҳони раг (2018) ва узви Ассотсиатсияи ҷарроҳони дилу раги Федератсияи Русия (2020) аст.
Ӯ дар ҳамоишҳои байналмилалӣ ширкат ва суханронӣ кардааст. Муаллифи мақолаҳои илмии ихтисосӣ дар бахши ҷарроҳии дилу раг мебошад.
Доктор Ҷаҳонгир Раҷабов дар муддати панҷ соли фаъолият дар зиёда аз 4000 ҷарроҳии дил ва рагҳои магистралӣ ба ҳайси ассистент иштирок кардааст.
Зиёда аз 100 ҷарроҳии мустақилонаро дар дили кушод ва рагҳои магистралӣ, аз ҷумла шунтгузории коронарӣ бо хунгардиши сунъӣ ва бе хунгардиши сунъӣ, шунтгузории коронарии миниинвазивӣ (MIDCABG), реконструксияи меъдачаи чап, ивазкунӣ ва пластикаи даричаҳои дил, табобати сактаҳои модарзоди калонсолон, ҷарроҳии артерияҳои хоб ва рон анҷом додааст.
Ба наҳви олӣ ва ҳирфаӣ анҷом додани тамоми намудҳои ҷарроҳии кушодаи дилу раг, ислоҳи нуқсони даричаи дил, шунтгузории аортакоронарӣ, инчунин анҷом додани ҷарроҳиҳои миниинвазивӣ аз қабили торакоскопия аз дастовардҳои доктор Ҷаҳонгир Раҷабов мебошад.
Рӯзҳои пизириш: аз душанбе то ҷумъа аз соати 08:30 то 16:30
Шанбе аз 08:30 то 12:00