Умар Азизов
Field of activity:
Ташхису табобати бемориҳои гурда ва роҳҳои пешоб ва узвҳои таносулӣ
More details about the specialist
Ҷавон, аммо сахткӯшу пуркор, ҷиддӣ ва хеле дақиқу масъулиятшинос аст. Ҳамеша мекӯшад беморро пурра муоина кунад ва беморияшро дурусту дақиқ ташхис бидиҳад. Ба андешаи ӯ ташхиси дурусту дақиқи беморӣ худ баробари панҷоҳ дарсади табобат аст.
Талош мекунад, ки ба бемор дору камтар ва дар асоси равишҳои табобати замонавӣ нависад.
Умар Азизов, урологи кордон ва кӯшо аз соли 2014 ба ин сӯ дар Бемористони Ибни Сино фаъолият мекунад. Ӯ таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро дар соли 2012 ба поён расонд.
Аз 2012 то 2013 давраи яксолаи интернатураро дар риштаи уролоҷӣ бо дипломи аъло ба итмом расонд.
Баъд аз хатми донишгоҳ фаъолияти худро ба унвони уролог дар Бемористони Ибни Сино шурӯъ кард. Соли 2019 барои ду моҳ дар Ҳиндустон давраи такмили ихтисос дар бахши урологияро пушти сар кард. Аз соли 2020 сол ба ҳайси мудири шуъбаи умумии Бемористони Ибни Сино фаъолият мекунад.
Муаллифки чандин мақолаи илмӣ дар бахши уролоҷӣ аст. Бо маърӯзаҳои илмии худ дар ҳамоишҳои риштаи уролоҷӣ дар дохил ва хориҷ аз кишвар суханронӣ карда, соҳиби сертификатҳои байналмилалӣ гаштааст.
Ҷарроҳиҳои кушода ва душворро ҳамроҳ бо пизишкони соҳибтаҷрибаи бемористони Ибни Сино анҷом медиҳад.
Аз ҷарроҳиҳои эндоскопӣ (дарунӣ), аз ҷумла ҷарроҳиҳои систоскопӣ, уретероскопӣ, гузоштану гирифтани стент ба ҳолибҳо, васеъкунии маҷрои пешобрав(интерналуретротомия), хориҷкунӣ ё гирифтани санг аз ҳолибҳо (литотрипсияи трансуретралӣ-TUL), амали ҷарроҳии PCNL-ро мустақилона анҷом медиҳад.
Инчунин ҷарроҳиҳои узвҳои мардона, ҷарроҳии тангии маҷрои пешобро анҷом дода, бемориҳои гурда ва роҳҳои пешобрав, ҳамчунин бемориҳои узвҳои таносулии мардона (андрологӣ)-ро табобат мекунад.
Рӯзҳои пазириш: душанбе то ҷумъа аз соъати 8:30 то 16:30
Шанбе аз 8:30 то 12:00