Field of activity:
Examination and treatment of gynecological diseases
More details about the specialist
Таҳмина Ризоева дар Бемористони Ибни Сино ҳамарӯза машғули машварат, муоина ва гӯш додан ба мушкилоти бонувон ва занон аст.
Пизишк Ризоева чандин духтарони бефарзандро соҳиби фарзанд карда аст.
Таҳмина Ризоева аз соли 2015 дар Бемористони Ибни Сино ба ҳайси пизишки занона (акушер - гинеколог) фаъолият намуда, айни замон мудири бахши гинекологии Бемористони Ибни Сино аст.
Таҳмина Ризоева соли 2007 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, курси пурраи ин донишгоҳро дар соли 2013 бо ихтисоси “Кори табобатӣ” хатм намудааст.
Аз августи соли 2013 то июни соли 2014 давраи таҳсили интернатураро дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз рӯи ихтисоси “Акушерӣ ва гинекология” ба итмом расонидааст.
Тамоми бемориҳои аъзои таносулии занона, аз ҷумла: бемориҳои уфунати коси хурд, кисти тухмдонҳо, миомаи бачадон, поликистози тухмдонҳо, вайроншавии назми ҳайз ва безурриётиро табобат мекунад. Ин мутахассиси ҷавон ҳамчунин, дар анҷом додани амали ҷарроҳии коси хурд тариқи кушода ва ё бо роҳи лапароскопӣ, дар бартараф кардани нуқсонҳои модарзодии духтарон бо равиши гистероскопӣ, инчунин дар анҷоми ҷарроҳиҳои пластикӣ ҳирфаӣ аст.
Рӯзҳои пазириш:
Аз душанбе то ҷумъа - аз соати 8:30 то 16:30
Шанбе - аз 8:30 то 12:00