Ҷамшед Тошматов
Field of activity:
Ташхис ва табобати бемориҳои даҳону дандон
More details about the specialist
Ҷамшед Тошматов мутахассиси ботаҷриба, борикбин ва дорои 25 сол таҷрибаи корӣ дар бахши дандонпизишкӣ аст.
Аз соли 1991 то 1996 дар бахши дандонпизишкии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил кардааст.
Нахустин фаъолияти кории худро пас аз хатми донишгоҳ аз соли 1996-1998 дар дандонпизишкии «Садаф» шуруъ кардааст. Аз соли 1999 то 2000 дар Таваллудхонаи рақами-1 ва аз 2004 то 2007 дар Таваллудхонаи рақами- 2 ба унвони дандонпизишк фаъолият кардааст. Инчунин дар бахши дандонпизишкии Дармонгоҳи марказии шаҳри Душанбе, Кафедраи дандонпизишкии ортопедии ДДТТ(2008-2009), марказҳои дандонпизишкии Аҳмаддент (2009-2013) ва «Насим ва ко» (2013-2017) фаъолият намудааст.
Доктор Ҷамшед Тошматов аз соли 2017 ба ин сӯ дар Бемористони Ибни Сино фаъолият дорад.