Қурбоналӣ Мирзобеков
Field of activity:
Ташхис ва табобати консервативии андомҳои такя ва ҳаракат. Ҷарроҳиҳои устухон, протезгузории косу рон ва зону.
More details about the specialist
Ортопед вожаест барои ҳама ошно, аммо шояд на ҳама медонанд, ки як ортопед чи салоҳият ва вазифаҳое дорад.
Ортопед ё осебшинос, ки дар гӯиши мардум травматолог ё шикастабанд аст, мутахассисест, ки тамоми системи ҳаракатии инсон, аз ҷумла буғумҳо, мушакҳо ва устухонҳоро муоина ва тармиму муолиҷа мекунад.
Агар камар ва ё гарданатон дард мекунад, ё ангушт ва ҷое аз баданатон раг кашидааст, ё агар аз дарди устухон ранҷ мебареду мушкилоти ҳаракатӣ доред, пас ба муоинаи ортопед ниёз доред. Ва агар дар ҷустуҷӯи чунин мутахассис ҳастед, метавонед бевосита ба доктор Қурбоналӣ Мирзобеков, яке аз осебшиносони ботаҷрибаи кишварамон дар Бемористони Ибни Сино муроҷиат кунед.
Доктор Мирзобеков бо маҳорати баланди касбӣ ва имконоти фарохи бемористон дар муоина, ташхис, анҷом додани амалҳои ҷарроҳиву шикастабандии буғуму устухонҳо ва эндопротезгузорӣ ҳамто надорад.
Ин ҷарроҳи шикастабанд бахши умумии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро дар соли 2006 ба итмом расонд. Баъди хатми донишгоҳ муддати чанд сол дар бахши осебшиносии Маркази миллии ҷумҳуриявии маъруф ба Қарияи боло ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҶТ ба унвони пизишки умумӣ фаъолият кард. Кор бо кӯдакони осебдида дар Бемористони Қарияи боло доктор Мирзобековро водор кард, ки маҳорати шикастабаниро низ аз худ кунад.
Аз соли 2009 то 2012 дар кафедраи осебшиносии Қарияи боло давраи ординатураро гузаронда, баъди ба итмом расондани он дар Бемористони Ибни Сино ҳамчун осебшинос шурӯъ ба фаъолият кард.
Барои такмили ихтисос ба унвони ҷарроҳи осебшинос дар Бемористони Беъсати Ҳамадони Эрон борҳо омӯзиш дидааст. Вижагиҳои кор бо таҷҳизоти навини ҷарроҳӣ, аз ҷумла эндопротезгузориро дар Испониё омӯзиш дидааст.
Амали пайвандсозӣ ва ивази буғуми косу рон, зону, бозӯ, банди даст, ҷарроҳиҳои шикастагии устухонҳо бо равишу таҷҳизоти навини бахши осебшиносӣ анҷом медиҳад.
Табобати консервативии андомҳои такя ва ҳаракат, бемории кокстартроз, артрози буғуми зону, бемории Hallux Valgus, дардҳои қисми гардан, қафаси сина, камар ва сутунмуҳра, остеохондроз, шикастагии нодуруст сабзидаи устухонҳои дасту по ва муолиҷаи деформатсияи устухонҳо аз тавоноиҳои доктор Қурбоналӣ Мирзобеков ҳастанд.
Рӯзҳои пазириш аз душанбе то шанбе аз соати 8:00 то 12:00