Малика Юсупова
Field of activity:
Ташхису табобати бемориҳои дилу рагҳо, ЭХОКГ, тести варзиш.
More details about the specialist
Қалбшиносе бо қалби нарму меҳрубон ва малҳами дарди дилҳо дар Бемористони Ибни Сино. Бо нармхӯиву меҳрубонияш бароҳатӣ метавонад бо ҳар беморе самимона муносибат кунад ва бо ин хислаташ дар дилу дидаи ҳамкорону дармонҷӯён нишастааст.
Юсупова Малика Бобоҷоновна кардиологи ҳирфаӣ бо беш аз 25 сол таҷрибаи корӣ аст.
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро дар соли 1996 бо дипломи аъло хатм намудааст. Давраи дастёрии пизишкӣ ё ординатураро аз соли 1996 то 1998 дар Донишкадаи такмили ихтисоси тиббии Тоҷикистон сипарӣ карда, тахассуси қалбшинос ё кардиологро гирифтааст.
Ҳамчунин, дар соли 2003 ва 2009 дар давраҳои омӯзишии дорусозии болинӣ (фармакологияи клиникӣ) ва дар соли 2016 дар давраҳои омӯзиши қалбшиносӣ ширкат намудааст.
Муддати 13 сол, аз 1996 то 2009 дар Маркази клиникии ҷумҳуриявии бемориҳои қалб дар шаҳри Душанбе ба дарди дили садҳо нафар дармон бахшида ва онҳоро наҷот додааст.
Аз соли 2009 ба ин сӯ дар Бемористони Ибни Сино ба ташхиси ЭХОКГ ва дармони афроде машғул аст, ки аз бемориҳои марбут ба фишори баланди шараёнӣ, нуқсонҳои пайдошуда дар қалб, бемориҳои ишемикии қалб ва бемории мушакҳои қалб (кардиомиопатия) ранҷ мебаранд, машғул аст.
Рӯзҳои пазириш: аз душанбе то ҷумъа аз соати 8:30 то 17:00
Шанбе аз 8:30 то 12:00