Сайид Ҳабибуллоҳи Мусавибаҳор
Field of activity:
Ташхис ва табобати бемориҳои гурда ва роҳҳои пешоб, норасоиҳои ҷинсӣ
More details about the specialist
Профессор Сайид Ҳабибуллоҳи Мусавӣ-Баҳор, пизишки маъруфи Бемористони Ибни Сино, аз фаъолони илмию пажӯҳишии Эрон, ҷарроҳ ва мутахассиси бемориҳои марбут ба гурда ва системи пешоб, устоди Донишгоҳи улуми пизишкии Ҳамадон ва раиси Анҷумани ҷарроҳони ин шаҳр аст. Ӯ қаблан ба муддати шаш сол аз соли 2013 то соли 2019 сарпарасти ин донишгоҳ буд. Пеш аз он, аз соли 2009 то 2012 риёсати бахши уролоҷии ин донишгоҳро ба уҳда дошт. Донишгоҳи улуми пизишкии Ҳамадон аз муътабартарин донишгоҳҳои Эрон ба шумор меояд.
Дуктур Мусавӣ-Баҳор мутаваллиди 29 августи 1968 дар Ҳамадон аст. Вай соли 1986 вориди Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштии Теҳрон шуд ва баъди ҳафт соли таҳсил бо тахассуси пизишки умумӣ аз донишгоҳ фориғ шуд. Аз соли 1993 то 1998 дар ҳамин донишгоҳ дар риштаи уролоҷӣ ба таҳсили худ идома дод ва мутахассиси ин ришта шуд. Баъд як сол дар ин донишгоҳ бо бурсияи таҳсилӣ давраи эндоуролоҷиро пушти сар кард. Баъд аз фориғ шудан аз таҳсил дар соли 1999 ба унвони устодёр дар Донишгоҳи улуми пизишкии Ҳамадон пазируфта шуд ва то соли 2008 дар ин симат машғул ба кор буд. Баъд аз он шаш сол донишёр буд, то ин ки дар соли 2014 профессор ё устоди ин донишгоҳ шуд. Аз он замон то кунун, дар канори кори пизишкӣ ва тадрис, симатҳоеро низ дар Донишгоҳи улуми пизишкии Ҳамадон ба уҳда дошта ва аз ҷумла шаш сол сарпарасти ин донишгоҳ буд.
Дуктур Мусавӣ-Баҳор аз соли 2009 ба ин сӯ раиси Анҷумани ҷарроҳони Ҳамадон аст ва дар бархе дигар аз анҷуманҳои тахассусӣ низ узвияти фаъоле дорад. Аз соли 2008 то 2014 узви ҳайъати мудираи Анҷумани эндоуролоҷӣ ва уролапороскопӣ Эрон буд.
Дуктур Мусавӣ-Баҳор фаъолиятҳои илмию пажӯҳишии густардае ҳам дошта ва мақолоти илмияш дар маҷаллаҳои муътабари пизишкии байналмилалӣ, монанди Маҷаллаи Уролоҷӣ (Urology Journal), маҷаллаи Уролоҷии таҳқиқӣ ва болинӣ (Investigative and Clinical Urology), Маҷаллаи Байналмилалии Пизишкии Молекулӣ ва Селулӣ (International Journal of Molecular and Cellular Medicine) ва чанде аз маҷаллоти илмии дохили Эрон ва кишварҳои Ховари Миёна мунташир шудаанд.
Худи ӯ низ дар чанде аз маҷаллаҳои илмии Эрон, симатҳои иҷроӣ дорад. Вай аз ҷумла сардабир ва узви ҳайати таҳририяи “Маҷаллаи таҳқиқот дар уролоҷӣ” ва мудири масъули “Маҷаллаи пизишкии болинии Ибни Сино” аст, ки ҳарду аз маҷаллоти илмии вобаста ба Донишгоҳи улуми пизишкии Ҳамадон ба шумор меоянд. Аммо фаротар аз инҳо фаъолиятҳои амалӣ ва таҷрибаи камназири дуктур Мусавӣ-Баҳор аст, ки ба унвони ҷарроҳи саршинос ва пизишки мутахассиси бемориҳои гурда ва системи идрорӣ ҳамвора дар хидмати беморон ва дармонҷӯён будааст.
Мактаб ё дафтари вижаи дуктур Мусавӣ-Баҳор барои муоина ва дармони беморон дар шаҳри Ҳамадони Эрон воқеъ аст. Фаъолиятҳои пизишкии ӯ ба Эрон маҳдуд намешавад ва гоҳе барои ҷарроҳӣ ва дармони беморон ба кишварҳои Ховари Миёна ва Аврупо низ сафарҳое анҷом медиҳад. Аз замони таъсиси Бемористони Ибни Сино дар Душанбе дуктур Мӯсавӣ-Баҳор барои муоина, дармон ва ҷарроҳии беморони гурда ва системи пешоб пайваста ба Тоҷикистон ҳам рафтуомад дорад. Садҳо тан аз ҳаммеҳаноне, ки дар гузашта аз бемориҳои гурда ва системи идрорӣ ранҷ мебурданд ва тайи даҳ соли ахир дар Бемористони Ибни Сино мудово шудаанд, ин пизишки хушсухану хушмуомилаи моро хуб мешиносанд ва аз заҳамот ва саҳми ӯ дар дармони бемориҳои гурда дар Тоҷикистон қадрдонӣ мекунанд.