Арсалон Ғавсӣ
Заминаи фаъолияти ташхису табобат:
Ташхис ва табобати бемориҳои узвҳои ҳозима (аз ҷумла, бемориҳои меъдаву сурхрӯда), ҷигар, талхадон, ғадуди зери меъда, рӯдаҳои бузург, гепатит; эндоскопӣ, колоноскопӣ, гузоштани стент дар сурхрӯда, баста кардани варидҳои васеъшудаи сурхрӯда ва меъда, берун кардани ҷисмҳои бегона аз сурхрӯда ва меъда.
Шарҳи ҳол
Доктор Арсалон Ғавсӣ яке аз беҳтарин пизишкони узвҳои ҳозима (аз ҷумла, бемориҳои меъдаву сурхрӯда) ва эндоскопии шаҳри Мазори Шарифи вилояти Балхи Афғонистон аст, ки акнун дар Бемористони Ибни Синои шаҳри Душанбе машғули табобати беморони узвҳои ҳозима (бемориҳои меъдаву сурхрӯда) ва иҷрои гастроэндоскопӣ ва колоноскопӣ мебошад.
Ба касоне, ки аз бемориҳои узвҳои ҳозима, аз ҷумла бемориҳои меъдаву сурхрӯда, ҷигар, талхадон, ғадуди зери меъда, рӯдаҳои бузург ва гепатит азият мекашанд мерасонем, ки пизишки варзида, гастроэнтеролог, эндоскопист Арсалон Ғавсӣ дар Бемористони Ибни Сино ба ташхис ва табобати беморон шурӯъ кард.
Доктор Арсалон Ғавсӣ соли 1978 дар шаҳри Мазори Шариф ба дунё омад ва таҳсилоти ибтидоии худро дар ҳамон шаҳр ба поён расонд. Дар соли 1995 вориди донишкадаи пизишкии Донишгоҳи давлатии Балх шуд ва дар соли 2003 бомуваффақият аз ин Донишгоҳ фориғуттаҳсил шуд. Дар соли 2004 сифати устод ва узви кадри илмӣ дар донишкадаи тибби Донишгоҳи давлатии Балх муқаррар шуд ва баъд аз гузарондани 17 сол ба рутбаи илмии ассистент - профессори бемориҳои узвҳои ҳозима ноил гардид.
Дар ҷараёни ин муддат ба иловаи тадрис даҳҳо мақола аз ӯ дар маҷаллаҳои илмии миллӣ ва байналмилал ба чоп расондааст. Ӯ дар чандин конфронси илмӣ - таҳқиқотии байналмиллалӣ дар риштаи тиб иштирок ва суханронӣ кардааст.
Доктор Арсалон Ғавсӣ давраи омӯзишии клиникии шашмоҳаро дар шаҳри Куала - Лумпури Малайзия муваффақона сипарӣ намуда ва давраи магистрии хешро дар соли 2012 дар риштаи бемориҳои дохилӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба итмом расонид.
Ӯ бар илова давраҳои омӯзишии тахассусиро дар риштаи эндоскопӣ такмил карда, ки дар паҳлӯи тадрис дар Бемористони омӯзишии ҳавзавии Балх, Бемористони Раҳнавард, клиникаи доктор Муҳаммадсиддиқи Рауф, Бемористони Кишо Форобӣ ва Ориёиён дар шаҳри Мазори Шариф вилояти Балхи Афғонистон масруфи муолиҷаи гастроэнтерологӣ ва эндоскопӣ буд. Мавсуф муддати зиёде ба сифати раиси донишкадаи тибби Донишгоҳи Ориё ва раиси Бемористони омӯзишии Ориё масруфи кор буд.
Ин доктори саршинос орзуи роҳандозии барномаҳои муолиҷавии мудохилавии узвҳои ҳозимаро дар Бемористони Ибни Сино дорад, то аз ин тариқ битавонад, масдари хидмат ба бошандагони Тоҷикистони азиз гардад.
Беморони азиз метавонанд, ҷиҳати ташхис ва муолиҷаи амрози системи ҳазмӣ тавассути дастгоҳи эндоскопӣ ба Бемористони Ибни Синои шаҳри Душанбе, депортаменти гастроэнтерологӣ ташриф биёваранд.
Гастроэнтеролог, эндоскопист Арсалон Ғавсӣ бо истифода аз таҷҳизоти замонавии бемористон, машварат ва табобати беморонро ба роҳ мемонад. Бемористони Ибни Сино дорои дастгоҳҳои муосири гастроэнтрологӣ, колоноскопӣ ва эндоскопӣ буда, дар сурати зарурат мундариҷаи ташхисро ба таври электронӣ (диск ё флешкорт) ва ё қоғазӣ (ба сурати чопӣ) пешкаши мизоҷон мегардонад.
Рӯзҳои пазириш:
Аз душанбе то ҷумъа - аз соати 8:30 то 16:30
Шанбе - аз 8:30 то 12:00