Абдусамад Абдувоҳидов
Заминаи фаъолияти ташхису табобат:
Ташхис ва табобати бемориҳои гурда ва роҳҳои пешоб, норасоиҳои ҷинсӣ
Шарҳи ҳол
Олими ҷавон, пизишки меҳрубон, боҳушу сахткӯш ва навовари Бемористони Ибни Сино. Бо маърӯзаҳои бешумори худ дар ҳамоишҳои байналмилалӣ суханронӣ кардааст. Беш аз 50 мақолаи илмӣ дар бахши урологӣ навишта, ҳамчун «Олими ҷавон»-и Тоҷикистон эътироф шудааст.
Абдувоҳидов Абдусамад Абдуқаҳорович уролог-андролог, эндоуролог, номзади илмҳои тиб мебошад.
Ӯ соли 2009 аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино бо дипломи сурх фориғуттаҳсил шуд. Давраи коршиносии аршад ё магистратураи худро низ дар бахши урологии донишгоҳи мазкур дар соли 2011 бо дипломи аъло ба поён расонд.
Абдусамад Абдувоҳидов аз пизишкони варзида ва кӯшои бемористон буда, ҳамеша дар ҳоли омӯзиш, ҷустуҷӯ ва рушди пешаи худ мебошад. Ин пизишки донандаи чандин забон бо маърӯзаҳои илмии худ пайваста дар ҳамоишҳои байналмилалӣ дар кишварҳое чун Эрону Австрия ва Ҳиндустон, Узбакистону Гурҷистон ва Русия ширкат ва суханронӣ мекунад.
Варзиш кардан ва мутолеъаи китоб аз саргармиҳои аслии доктор Абдувоҳидов дар фурсатҳои холӣ ва замони фароғаташ аст. Навоварӣ дар соҳаи тиб ва огоҳӣ аз навгониҳо дар ин арсаро шиор ва ҳадафи аслии худ медонад.
Доктор Абдувоҳидов на танҳо аз моҳиртарин пизишкони Бемористони Ибни Сино мебошад, балки аз ҳозиқтарин мутахассисон ва олимони ҷавони Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар соли 2017 барои талошу заҳматҳояш аз сӯи Фарҳангистони илмҳои тибби Вазорати тандурустии Тоҷикистон унвони «Олими ҷавони сол»-ро гирифт. Ин олими ҷавон ду ихтироъи худ дар илми тибро, ки яке роҷеъ ба равиши табобати простатити музмин ва дигаре равиши ҷаррохии санги гурда аст, ба Маркази сабти ихтироъот пешниҳод кардааст.
Ҳамчунин, ӯ аз устодони бахши урологии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон буда, ба тадриси донишҷӯёни хориҷӣ дар ин донишгоҳ машғул аст.
Ӯ аз соли 2012 дар Бемористони Ибни Сино ба ҷарроҳӣ ва муолиҷаи ҳамаи анвоъи бемориҳои гурда, аз қабили пиелонефрит, паранефрит, санги гурда ва роҳҳои пешобрав, омоси гурда, омоси масона, омоси узвҳои ҷинсии беруна, безурриётӣ, варикасел ва дигар бемориҳои гурда ва роҳҳои пешобгузар машғул аст.
Рӯзҳои пизириш: аз душанбе то ҷумъа аз соати 8:30 то 16:00
Шанбе аз 8:30 то 12:00