Амирҳусайн Алдубонии Сомӣ
Заминаи фаъолияти ташхису табобат:
Ташхису табобати бемориҳои дилу рагҳо, бемориҳои дарунӣ, ташхиси анжиографӣ ва анжиопластикаи шараёнҳои дилу гурда ва андомҳои поён, катетеризатсияи ғуфраҳои дил, тармими интервенсионии як қатор аз нуқсҳои модарзодӣ ва иқтисобии дил.
Шарҳи ҳол
Амирҳусейн Сомии Алдубонӣ, аз маъруфтарин пизишкони бемориҳои дилу раг дар Эрону Тоҷикистон аст. Ӯ асосан дар дармонгоҳҳои хусусии шаҳри Теҳрон ба муоина ва дармони беморон машғул аст. Дуктур Сомӣ, аз ҷумлаи пизишконест, ки дар роҳандозии бахши бемориҳои қалби Бемористони Ибни Сино нақши боризе дошта ва солҳои тӯлонист, ки барои муолиҷа ва ҷарроҳии беморони қалб пайваста ба Тоҷикистон сафар мекунад.
Дуктур Сомӣ нахустин мадраки пизишкии худро дар соли 1981 аз Донишгоҳи миллии Эрон бо дараҷаи тахассусии мумтоз дарёфт кард. Вай ба муддати 19 моҳ дар Бемористони Донишгоҳи миллии Эрон коромӯз буд. Сипас ба муддати ду сол давраи дастёрии пизишкиро дар Бемористони кӯдакони Тахтӣ дар Теҳрон гузаронд. Аз 1984 то 1987 дар бемористонҳо ва дармонгоҳҳое дар кишварҳои атрофи Халиҷи Форс ба кори пизишкии умумӣ машғул буд. Сипас ба Эрон баргашт ва се сол давраи дастёриро (ординатура) дар Бемористони Марказии Ширкати миллии нафти Эрон сипарӣ кард.
Вай аз моҳи июли соли 1991 то сентябри соли 1994 давраи дастёрии худро дар заминаи бемориҳои қалб дар Маркази бемориҳои қалби Шаҳид Раҷоӣ дар Теҳрон сипарӣ кард. Дар ин муддат вай дар заминаи бемориҳои қалб чаҳор давра имтиҳони тахассусӣ дод ва бо муваффақият ин давраҳоро пушти сар карда ва соле баъд дараҷаи тахассусии қалбу уруқ (рагҳо)-ро дар ҳамин муассиса дарёфт кард. Бемористони қалби Раҷоӣ аз бузургтарин марокизи дармони бемориҳои қалб дар ҷаҳон ба шумор меравад, ки наздик ба 4000 амали ҷарроҳии қалбро дар сол анҷом медиҳад.
Дар соли 1994 Дуктур Сомӣ поённомаи тахассусии худро дар бораи хатари бемориҳои вогири шараёнӣ дар Шӯрои миллии бемориҳои қалби Эрон дар Донишгоҳи пизишкии он кишвар дифоъ намуд. Сипас, дар соли 1998 пас аз сипарӣ кардани ду сол давраи омӯзишӣ дар Маркази бемориҳои қалби Шаҳид Раҷоӣ дар Теҳрон, вобаста ба Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ, дар заминаи анжиопластик ва иқдомоти мудохилавии дилу раг (интервенсионӣ) гувоҳиномаи такмили ихтисоси дараҷаи севумро гирифт.
Дуктур Сомӣ ҳамзамон аз соли 1994 то 2000 ба муддати шаш сол дар Бемористони марказии Ширкати миллии нафти Эрон ба унвони мутахассиси бемориҳои қалб фаъолиятҳои густардаи дармонӣ дошт. Аз ҷумла аз соли 1994 то 1998 раиси бахши пажӯҳиш ва омӯзиши Идораи беҳдошти Ширкати миллии нафти Эрон буд. Аз соли 1998 то 2007 риёсати бахши бемориҳои қалби Бемористони марказии Ширкати миллии нафтро дар Теҳрон ба уҳда дошт. Вай ҳамзамон аз соли 1996 то 2007 ба унвони устодёри (дотсент) бахши пизишкӣ дар Донишгоҳи озоди исломии Эрон тадрис мекард. Аз соли 2004 устодёри ин донишгоҳ ва Донишкадаи пизишкии Теҳрон аст.
Дар байни солҳои 1998 то 2003 Дуктур Сомӣ давраҳои гуногуни омӯзиширо дар Порис, Лубнон, Вена, Стокҳолм, Берлин, Мюних ва Рум гузаронда ва дар ҳамоишҳои илмии пизишкӣ дар кишварҳои мухталиф ширкат ва суханрониҳо кардааст. Дар солҳои 2001 ва 2002 барои дарёфти мадраки фавқуллисонс ё пасаздипломии пизишкӣ дар Бритониё дар ду давра имтиҳон дод ва дараҷаи MRCP (Узвияти колеҷҳои салтанатии пизишкони Бритониё)-ро, ки аз муътабартарин мадорик дар он кишвар ва ҷаҳон ба шумор меояд, ба даст овард.
Вай аз соли 2000 то 2004 дар таъсиси озмоишгоҳи котетризми қалбӣ дар Бемористони Нури Абузабӣ ва аз 2006 то 2009 дар таъсиси Бемористони Салиби Сурх дар Дубай, дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, ва аз 2010 то 2016 дар таъсиси нахустин бахши иқдомоти мудохилавии қалб (интервенсионӣ) дар Бемористони Ибни Синои Тоҷикистон нақши бузурге дошт.
Дуктур Сомӣ аз соли 1996 то 2017 беш аз 5500 амали интервенсиониро дар беморон ба таври мустақилона анҷом додааст. Танҳо аз моҳи сентябри 1997 то октябри 1998 дар замони кору омӯзиш дар Маркази бемориҳои қалби Раҷоӣ беш аз 500 мавриди ҷарроҳии қалбро анҷом додааст. Ӯ аввалин пизишкест, ки амали анжиопластики қалбро дар Бемористони Ибни Сино анҷом додааст.
Дуктур Сомӣ дар тӯли фаъолияти пизишкияш китобҳо ва мақолоти зиёди илмӣ дар бораи бемориҳои дилу раг ва шеваҳои дармони онҳо нашр кардааст. Дастикам 14 мақолаи ӯ дар маҷаллаҳои муътабари илмӣ дар Эрон ва берун аз он , аз ҷумла дар Маҷаллаи Иқдомоти Мудохилави Қалбӣ (Journal of Invasive Cardiology), як нашрияи илмии байналмилалӣ, нашр шудаанд. Китобҳои ӯ дар бораи дармони бемориҳои дилу раг бештар ба забони порсӣ ва англисӣ мунташир шудаанд.
Дуктур Сомӣ узви ҳайъати мудираи Анҷумани қалби Эрон аст. Аз он замон то ба ҳол дар созмонҳое чун Ҷамъияти қалби Аврупо, Ҷамъияти қалби Уқёнусия ва Федератсияи Ҷаҳонии Қалб узвият дорад. Ӯ донандаи забонҳои форсию арабӣ, англисию фаронсавӣ ва олмонию русӣ мебошад.