Абдуҷобир Холиков
Заминаи фаъолияти ташхису табобат:
Корҳои муҷаҳҳазгардонии бемористон бо дастгоҳҳо ва таҷҳизоти навин ва пешрафтаи тиббӣ.
Шарҳи ҳол
Холиқов Абдуҷобир Ҳамидович, муовини мудири кулли Бемористони Ибни Сино дар заминаи таъсисот ва таъминот ва яке аз муассисони ин бемористон аст. Ӯ тайи даҳ соли гузашта бахши таъминоту тадорукоти бемористонро бар ӯҳда дорад.
Корҳои муҷаҳҳазгардонии бемористон бо дастгоҳҳо ва таҷҳизоти навин ва пешрафтаи тиббӣ, ки тавлиди ширкатҳои муътабари ҷаҳонӣ буда ва назирашон дар Тоҷикистон нест, бо заҳмату талошҳои бахши таъминоту тадорукот зери роҳбарии эшон сурат гирифтааст. Ба вижа дар таъмини бемористон бо дастгоҳҳои гуногун, аз ҷумла тамографияи компютерӣ, рентген, ангиографӣ ва ултрасадо, дастгоҳҳои ҷарроҳӣ, озмоишӣ ва ғайра, ки тавлиди Олмон, ИМА, Эрон ва Ҷопон ҳастанд, нақши калидӣ дорад. Ба қавли ӯ «утоқҳои амали бемористон бахшҳои муқаддаси онанд, ки таҷҳизоти фавқулодда дошта, воқеан боиси фахри мо ҳастанд.
Бемористони марказӣ дар шаҳри Душанбе дорои се утоқи амали комилан муҷаҳҳаз мебошад. Утоқи амали дил дорои тамоми имконият аз қабили тахту лампи махсуси тавлиди Аврупо, дастгоҳи беҳушиву гардиши сунъии хун, балон помпу васоили ҷарроҳии истеҳсоли Аврупо ва Амрико буда, дар кишвар назир надорад.»
Абдуҷобир Холиқов бахши беҳдошт (санитарӣ) ва вогиршиносии (эпидемологии) Бемористони ибни Синоро низ зери назар дорад. Абдуҷобир Холиқов таъмини бехатарии беморони муассисаро вазифаи аввалиндараҷаи худ дониста, мегӯяд: «Назорат бар бахши санитарӣ ва безараргардонӣ дар муассиса тавре роҳандозӣ шудааст, ки ҳаёт ва фаъолияти кормандон ва беморонро комилан бехатар мегардонад.»
Абдуҷобир Ҳолиқов соли 1999 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо тахассуси вогиршинос (эпидемолог) хатм намудааст.