{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Бемористони "Ибни Сино" моҳи сентябри соли 2009  бо ҷалби пизишкони ботаҷриба аз кишварҳои Эрон, Олмон, Русия ва Точикистон  ба фаъолият шуруъ намуд. Дар расми ифтитоҳи Бемористон Президенти кишвар Эмомалй Раҳмон ва сафири Чумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон доктор Алиасъари Шеърдуст ширкат ва суханронй намуданд. Ин бемористон дар маркази шаҳри Душанбе – пойтахти Точикистон бино шудааст ва шомили бахшҳои ҷаррохии дил, ангиографӣ, ҷаррохии гурда ва роҳҳои пешоб, ёрии таъчилӣ, амрози занон, ҷарроҳии умумӣ, ортопедӣ, ҷарроҳии тармимӣ ва пластикӣ, дандонпизишкӣ, дармонгоҳ, озмоишгох, рентген ва дорухона мебошад.Бемористони "Ибни Сино" бо стандарти тибби аврупоӣ таъсис шуда, бо таҷхизоти навтарини сохти кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз аст ва пизишкони эронӣ ва тоҷик аз методхои дакики ташхиси дастгоҳию озмоишгоҳӣ ва усулҳои навтарини дармону ҷарроҳӣ истифода мекунанд..

Аз оғози фаъолият то кунун беш аз 17940 ниёзманд ба Бемористони "Ибни Сино" муроҷиат намуданд, ки аз ин шумора 2872 нафарашон бистарӣ гардиданд. Тайи ин муддат 1582 нафар беморон ҷарроҳӣ шуданд, ки аз ин теъдод 334 нафар ҷарроҳии бози дил ва 1050 нафар амали ҷарроҳии урологӣ шуданд. Бештари амалҳои ҷарроҳии урологӣ бо истифодаи эндоҷарроҳӣ анҷом шудааст.

                                            

Аз оғози фаъолият дар Бемористон 1145 ташхиси ангиографӣ ва 265 амали ангиопластикӣ анҷом дода шуд. Дар давоми ду сол ҳамчунин ҷарроҳони Бемористон дар заминаи амрози занон 104 амали ҷарроҳӣ анҷом доданд, ки ҳама бо истифода аз шеваҳои ҷадид сурат гирифтаст. Дар Бемористони "Ибни Сино" ҳамчунин ба теъдоди зиёд ҷарроҳиҳои умумӣ, ортопедӣ, тармимӣ ва зебоӣ анҷом шудааст.

Бахшҳои бемористон

Бемористон дорои бахшҳои:- ангиография ва ангиопластика,ёрии таъчилй,ҷарроҳии пластикѝ, ташхиси ултрасадо, эндогинекология, ташхиси рентгенѝ, дандонпизишкѝ, ултрасадои дил, эндоурология, амрози занон, ҷарроҳии дил, кардиология,эндоҷарроҳѝ, осебшиносѝ, ортопедия, дорухона ва  ташхис мебошад. Пизишкон   ва мутахассисони бахшхо ба таври  шабонарўз ва рўзҳои таътил омодаи хидматрасонӣ ба беморон ҳастанд. Дар хамаи бахшҳои бемористон бо истифода аз навтарин дастгоҳҳои замонавии муосир хизматрасонй дар сатҳи аврупой ба роҳ монда мешавад.

 Ташхиси замонавй

Бемористон дорои мутахассисони дараҷаи олй мебошад, ки дар кўтоҳтарин замон ва бо бештарин диккат бемории шуморо ташхис менамоянд.

Хизматрасонии дараҷаи олй

Бемористон дорои имкониятҳои васеъи хизматрасони барои кабул, муоина, ва табобат мебошад. Айни замон бемористон метавонад дар як рўз ба 200 нафар шаҳрвандон хизмат расонад ва дорои 120 кат мебошад.. Барои беморон ҳамаи намуди шароит дар сатҳи аврупой ва ҷавобгў ба талаботи байналмилалй  фароҳам оварда шудааст

Кафолат

Касбияти олии мутаххасисони бемористон ва шароити муосири хизматрасонй мутобик ба меъёрхои байналмилалй кафолати солимии шумост.

Бартариятхои бемористон

Табибони бемористон пайваста мекушанд, ки аксари амалиётҳои ҷарроҳй ба таври пўшида амалй бигардад, ки ба ин амал имкониятҳо ва дастгоҳҳои замонавй мусоидат менамояд. Чунин аст, ки рухсати беморон аксар баъд аз як шабонарўзи ҷарроҳй сурат мегирад.

Технологияи информатсионй

Бемористон барои дастрасии иттилоот аз дастовардхо ва навоварихо ба шаҳрвандон диккати махсус медихад. Дар ин  самт сомонаи бемористон (www.ibnisino.tj) ба таври шабонарўзй фаъолият дорад ва тавасути он оид ба навъҳои хизматрасонй, шароит ва имкониятҳо ва ҳамчунин нархномаи хизматрасониҳо бо шаҳрвандон кор бурда мешавад. Инчунин шаҳрвандон имкон доранд, тавассути сомона доир ба рўзҳои кабули мутаххассисони байналмилалй маълумот пайдо кунанд.

Дастрасй

Бояд зикр намуд, ки фаъолияти Бемористони "Ибни Сино" аслан ба амалй намудани он навъхои ҷарроҳиҳое нигаронида шудаанд, ки каблан дар Точикистон чой надошт. Он замон шаҳрвандон барои табобат кишварҳои хорича : Олмон, Русия ва ғ-ро ихтиёр менамуданд. Акнун чунин шароит дар Точикистон муҳайёст ва нархи ин хизматрасониҳо нисбат ба беморхонаҳои бурунмарзй бамаротиб поёнтар аст. Аксарияти ҷарроҳиҳои дар Бемористони "Ибни Сино" амалй шуда, бори нахуст дар Точикистон гузаронида шудаанд, ки албатта боиси ифтихор аст.