Диловар Маҳмадёров
Заминаи фаъолияти ташхису табобат:
Пайгирии беморони эндокриноложӣ ва назорати беморони баъдиҷарроҳӣ
Шарҳи ҳол
Ҷиддӣ, вафодор ва содиқ ба пешаи худ. Ҳангоми муоина ва ташхис хеле борикбину бодиққат аст ва бо беморон бархӯрди оромона ва меҳрубонона дорад. Корашро ҳамеша дар сатҳи боло ва аз сидқи дил анҷом медиҳад.
Диловар Маҳмадёров, пизишки қалб ва муроқибатҳои вижа (кардиолог-реаниматолог), фаъолияти худро аввал ба унвони парастор шурӯъ кард ва сипас ба унвони пизишк идома дод. Аз дастпарвардаҳои мактаби пизишкии Бемористони Ибни Синост. Соли 2009 Колеҷи тиббиро бо дипломи аъло ва соли соли 2015 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ба итмом расонд.
Баъд аз хатми донишгоҳ аз соли 2015 то 2016 давраи корварзӣ (интернатура)-и баъдидипломиро бо тахассуси кардиолог ба поён расонд.
Нахустин фаъолияти худро дар Бемористони Ибни Сино дар соли 2009 замоне, ки донишҷӯи соли аввали донишгоҳ буд, ҳамчун парастор дар бахши эҳё шурӯъ кард. Аз соли 2015 ба ин сӯ ба унвони пизишки қалб ва муроқибатҳои вижа дар шуъбаи пас аз ҷарроҳии Бемористони Ибни Сино фаъолият дорад.
Дар муддати 11 соли фаъолияти худ дар ин бемористон тахассуси эндокринологро низ аз устод Таваккулиён, эндокринологи варзидаи эронӣ, омӯзиш дидааст.
Доктор Диловар Маҳмадёров дар бахши эҳёи Бемористони Ибни Сино ба муроқибат ва муолиҷаи беморони вазнини дил машғул аст. Дар муолиҷаи тамоми бемориҳои дил, аз ҷумла нуқсонҳои модарзодӣ ва пайдошудаи дил, фишори баланди шараёнӣ, бемориҳои ишемикии дил, бемории мушаки дил, ҳамчунин табобати бемориҳои эндокринологӣ низ маҳорати баланд дорад.
Рӯзҳои пазириш:
Душанбе то ҷумъа: 8:30 то 16:30
Шанбе: 8:30 то 12:00