Асадулло Зарипов
Заминаи фаъолияти ташхису табобат:
Шарҳи ҳол
Зарипов Асадулло Гадоевич, ҷонишини мудири кулли бемористон дар умури равобити беруна, саратоншинос, духтури дараҷаи олӣ, дорои 30 сол таҷрибаи корӣ мебошад.
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро дар соли 1990 хатм намудааст. Аз соли 1990 то 91 такмили аввалияи ихтисос (субординатура) ва солҳои 1995-96 ва 2000 такмили пурраи ихтисосро дар бахши онкологияи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон гирифтааст.
Беш аз бист сол ҳамчун саратоншинос дар Маркази ҷумҳуриявии саратоншиносӣ фаъолият намуда, дар тӯли фаъолияти кориаш саратони ғуддаҳои пистонӣ, саратони андомҳои таносулии мардону занон ва саратони ҳуфраи шикам ва навъҳои гуногуни саратони кӯдаконро муолиҷа кардааст.
Сараввал дар шуъбаи кӯдаконаи Маркази саратоншиносӣ ҳамчун саратоншинос фаъолияти худро шурӯъ кардааст. Баъдан, дар солҳои 1993 то 95 дар шуъбаи маммологии ҳамин марказ ба ҳайси саратоншинос ва дар соли 1995 ба унвони мудири шуъба фаъолият кардааст. Аз соли 1996 то 97 ҳамчун муовини сардухтур оид ба корҳои табобатӣ ва ниҳоятан ҳамчун сардухтур ба муддати даҳ сол (1997-2007) дар Маркази ҷумҳуриявии саратоншиносӣ фаъолият кардааст.
Дар соли 2005 дар ҳамоиши байналмилалии саратоншиносони Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил ширкат варзида ва дар ҳамон сол дар Австрия ба узвияти Ожонси байналмилалии энержии атомӣ (МАГАТЭ) пазируфта шудааст.
Аз соли 2007 то 2009 раёсати маркази «Тибби Сино»-ро бар зимма дошт.
Аз соли 2009, яъне аз замони таъсиси Бемористони Ибни Сино ба ин ҷониб, муовинати раиси бемористонро бар дӯш дорад. Ҳамчунин, узви комиссияи эътиборбахши акредитатсионии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мебошад.