Алиасғари Булуриён
Заминаи фаъолияти ташхису табобат:
Ҷарроҳии кушодаи дилу рагҳо аз қабили ислоҳи нуқсони модарзодиву иктисобӣ, шунтгузории аортокоронарӣ, эндоҷарроҳӣ, аз ҷумла торакоскопӣ ва лапороскопӣ.
Шарҳи ҳол
Доктор Алиасғари Булӯриён аз беҳтарин ҷарроҳони қалби Эрон муддатест, ки дар Бемористони Ибни Сино ба ҷарроҳии беморон машғул аст.
Доктор Булӯриён бо ҷарроҳии қалби дар ҳоли таппиш маъруф аст ва дар ин навъи ҷарроҳӣ аз маршҳуртарин кардиоҷарроҳони ҷаҳон мебошад.
Алиасғари Булуриён устоди бознишастаи Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштӣ дар Эрон аст. Вай соли 1957 дар устони Хуросони Эрон ба дунё омада ва давраи таҳсилоти ибтидоии худро дар шаҳри Қучон анҷом додааст.
Дар соли 1975 вориди Донишкадаи пизишкии Донишгоҳи Машҳад дар устони Хуросони Эрон шуда ва дар соли 1981 аз ин донишгоҳ бо муваффақият ва бо касби дуктурои пизишкӣ бо дараҷаи олӣ фориғ шудааст.
Ин пизишки варзида дар соли 1985 пас аз итмоми давраи тахассуси чаҳорсола дар заминаи ҷарроҳии умумии Донишгоҳи Машҳад ва гирифтани тахассуси ҷарроҳии умумӣ, давраи ҷарроҳии қалбро дар Донишгоҳи улуми пизишкии шаҳри Теҳрон шурӯъ кард. Аммо ду сол нагузашта, дар соли 1987 барои такмили ихтисоси ҷарроҳии қалб ба Донишгоҳи Лузон дар Швейтсария рафт ва наздик ба ду сол дар маҳзари профессор Содиқӣ таҳсил карда, ба дарёфти тахассуси ҷарроҳии қалбу уруқ муваффақ шуд.
Соли 1989 доктор Булуриён ба ватан баргашт ва мадраки фавқи тахассусии ҷарроҳии қалбро бо рутбаи аввал дарёфт намуд ва дар он замон аз ҷавонтарин ҷарроҳони қалби Эрон маҳсуб мешуд. Ҳамон сол бахши ҷарроҳии қалби Машҳадро, ки орзуи бистсолаи мардуми Хуросон буд, поя гузошт ва бо муваффақият ба кор дар онҷо шуруъ кард.
Доктор Булуриён то соли 2003 ба муддати 14 сол дар Донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад дар дараҷаи устодёрӣ ва сипас пизишкёрӣ бо либоси муқаддаси ҷарроҳи қалб кор кард ва дар ин муддат ду маркази ҷарроҳии қалби дигар дар ду бемористони хайрияро роҳандозӣ намуд.
Дар соли 2003 доктор Алиасғари Булуриён ба Донишгоҳи Шаҳид Биҳиштӣ ё Донишгоҳи миллии Теҳрон мунтақил шуд ва дар соли 2010 аз ҳамон донишгоҳ бознишаста шуд. Аммо ба фаъолиятҳои худ ба унвони пизишки қалб дар ду бемористони хусусӣ идома дод. Дар соли 2016 ба Машҳад баргашт ва аз он замон то кунун дар Бемористони қалби Разавӣ машғул ба ҷарроҳии қалб аст.
Доктор Булуриён дар тӯли фаъолияти пизишкии худ тақрибан ҳамасола дар ҳамоишҳо ва конфронсҳои пизишкии Амрико ва Аврупо чи ба сурати суханрон ва чи ба сурати шунаванда ширкат карда ва бо дастовардҳои илми пизишкӣ дар дунё ошно шудааст. Ба ҳамин тартиб, дар беҳтарин марокизи ҷарроҳии қалби дунё дар донишгоҳҳои Порис, Ландан, Белжик, Истанфорд, Ню-йорк ва шаҳри Вошингтон дар Амрико ва дар Донишгоҳи Ванкувери Канада нозукиҳои ҷарроҳии қалбро омӯхтааст.
Доктор Булуриён аз соли 1985 ба ин сӯ тамомии анвоъи ҷарроҳиҳои бузургсолон ва кӯдаконро анҷом медиҳад ва аз соли 1998 ба ин сӯ ҷарроҳии қалби дар ҳоли таппишро шуруъ кардааст. Худаш мегӯяд, ки дар арзи 22 сол ба беҳтарин дастовардҳо дар заминаи ҷарроҳии қалб дар кишвараш ноил шудааст.
Ҷарроҳии коронарӣ ё ҳамон шунтгузории рагҳои қалб бидуни истифода аз мошини дилу шуш, дар ҳоле ки қалб ҳамчунон метапад, кори содае нест. Ба далели сахтию печидагияш, ин навъ ҷарроҳӣ дар дунё камтар анҷом мешавад.
Бахусус, шумори ҷарроҳоне, ки ҳамаи ин маворидро битавонанд анҷом диҳанд, дар дунё кам аст. Худи профессор Содиқӣ дар соли 2010 бо он ҳама имконоте, ки дар Швейтсария ҳаст, аз Аврупо ба Теҳрон сафар карда ва дар онҷо амал шудааст.
Доктор Булуриён мегӯяд, ки вай барои устод Содиқӣ панҷ шонт (лӯла ё найча) дар рагҳои хунрасонии қалбашон гузошта ва устод то кунун бисёр розӣ ва хушнуд ҳастанд.
Ба ин тартиб, бо 35 сол таҷриба дар ҷарроҳии қалб, доктор Булуриён моил аст, ки таҷрибаҳои худро бо пизишкони тоҷик низ дар миён гузорад, ба умеди ин ки дарде аз дили дардмандон ва беморони тоҷик бардорад.
Ин ҷарроҳи номдор орзу дорад, ки роҳандозии бахши ҷарроҳии қалби дар ҳоли таппиш дар Бемористони Ибни Сино боиси сарбаландии Тоҷикистон шавад ва бо тарбияти ҷарроҳони ҷавон ин кишвар ба қутби ҷарроҳии қалб дар минтақаи Осиёи Миёна табдил шавад.