Марҷона Мусоева
Заминаи фаъолияти ташхису табобат:
Ташхису табобати бемориҳои дилу рагҳо ва узвҳои дарунӣ
Шарҳи ҳол
Пизишкон табиатан инсонҳои хушқалбу меҳрубоне ҳастанд, аммо хушқалбии ӯ аз нигоҳи гарм ва табассуми поку беолоишаш бештар ҳувайдост.
Бо чеҳраи боз ва самимияту табъи болидаи худ пеш аз ҳама мекӯшад, ки дили беморонашро таскин бахшад.
«Вақте бемор ошуфтаву рӯҳафтода ба наздам меояд, орому рӯҳбаланд кардани ӯро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонам, зеро шифо ёфтани бемор пеш аз ҳама ба муносибати пизишк бо ӯ ва баъд ба тавсияҳои доруӣ вобаста аст», - ин ҳарфест, ки Марҷона Мусоева, пизишки қалби (кардиологи) Бемористони Ибни Сино мегӯяд.
Вай меафзояд, фаъолияташ ба унвони пизишки хонаводагӣ ба ӯ кумак кардааст, ки бо кӯдакон низ хеле осону роҳат робита барқарор кунад ва бо ҳар дармонҷӯи хурдакаки худ зуд унс бигирад.
Доктор Марҷона Мусоева таҳсилоти олии худро дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соли 2013 бо тахассуси пизишки муолиҷавӣ ба поён расонд. Баъд аз он як сол давраи интернатураро дар заминаи қалбшиносӣ дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил гузаронд.
Аз соли 2014 то 2016 бо тахассуси пизишки қалб дар Маркази тиббии шаҳрии рақами яки шаҳри Душанбе фаъолият кард. Дар солҳои 2018-2019 барои боло бурдани маҳоратҳои пизишкии худ дар Маркази давлатии такмили ихтисоси кормандони соҳаи тиб барои дарёфти тахассуси тибби оилавӣ таҳсил кард.
Баъд аз анҷоми давраи такмили тахассус ба муддати як сол дар Маркази тиббии шумораи 13 ҳамчун пизишки умумӣ фаъолият кард.
Аз моҳи июни соли 2019 ба ин сӯ дар Бемористони Ибни Сино аввал ба унвони пизишки умумӣ ва сипас ҳамчун пизишки қалб (кардиолог) ба муолиҷаи беморон машғул аст. Др. Марҷона ҳамчунин мудири бахши ёрии таъҷилии Бемористони Ибни Сино мебошад.
Дар табобати тамоми бемориҳои дил, аз ҷумла нуқсонҳои модарзодӣ ва пайдошудаи дил, фишори баланди шараёнӣ, бемориҳои ишемикии дил, бемории мушаки дил, ҳамчунин табобати бемориҳои марбут ба пизишкии умумӣ (кӯдакону бузургсолон) маҳорати баланде дорад.
Рӯзҳои пазириш:
Душанбе то ҷумъа: 8:30 то 16:30
Шанбе: 8:30 то 12:00