{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Розҳои муваффақияти Бемористони Ибни Сино

Бемористони Ибни Сино чанд афзалияте дорад, ки ҳамчун розҳои муваффақияти он дониста мешаванд.

Муносибати отифӣ бо беморон

Рози аввал барқароркунии муносибати отифии пизишкон бо беморон аст. Шеваи кори Бемористони Ибни Сино давоми ёздаҳ соли фаъолияташ тавре ба роҳ монда шуда, ки мутахассисон пеш аз ҳама талош мекунанд бо беморон мисли пайвандони худ рафтор кунанд. Инро метавон бо достоне асоснок кард, ки чанд сол пеш бо яке аз беморон иттифоқ уфтод. Тирамоҳи соли 2012 писари дусолаи Марзия Довудова дар Бемористони Ибни Сино амали ҷарроҳии фатқ (грыжа) шуд. Вақте ӯ ҳамроҳи писараш ба бемористон омад, бисёр нороҳат ва нигарон ба назар мерасид, вале баъд аз анҷоми амали ҷарроҳӣ назараш нисбат ба пизишкон иваз шуд.

Худаш чунин қисса мекунад: «Пеш аз ҷарроҳӣ аз ин ки писарам дар утоқи амал аз дидани пизишкон ваҳшатзада шавад, бисёр нигарон будам. Чун дар яксолагияш дар бемористони дигаре амал шуд ва он саҳнаи дардовар ва гиряҳои писарам аз ёдам намеравад. Як парастор кӯдакро ба шеваи хашине аз дастам гирифту ба утоқи амал бурд, бе он ки эътиное ба гиряҳои талхи ӯ дошта бошад. Маро иҷоза надоданд ворид шавам. Писарам фарёд мезад ва парастор ӯро мебурд. То замони беҳуш шуданаш садои гиряҳояш аз дохили утоқи амал ҳам ба гӯш мерасид ва маро ҷигархун мекард. Баъд аз амал ҳам писарамро дар ҳолати беҳушӣ оварданд ва рӯи дастам гузоштанд, ки нолиш мекард ва ин саҳна бароям дардовар буд. Як ҳафтаи дигар низ ба хотири уфунат нагирифтан ду бор дар рӯз ба ӯ сӯзан мезаданд ва бидуни ман ӯро ба утоқи захмбандӣ мебурданд. Ҳар рӯз аз гиряҳои талхи писарам азият мешудам.”

Баъд аз як сол дубора зарурат пеш омад, ки хонум Довудова ба пизишкон муроҷиат кунад, вале ин бор ба Бемористони Ибни Сино омад.

Вай мегӯяд: “Қабл аз ҷарроҳӣ парасторе порчаи тозае оварду ба дастам дод ва гуфт либосҳои писарамро бадар кунам ва ӯро дар ин порча бипечонаму ҳамроҳаш биравам утоқи амал. Писарамро бардоштам ва ба утоқи амал рафтем. Дами дари утоқи амал мутахассиси беҳушӣ (анестезиолог) пешамон омад. Бо табассум ва суханҳои ширин бо писарам суҳбат кард ва сипас ва доруро банармӣ тазриқ кард, ки садояш набарояд. Ду дақиқа нагузашт, ки хобаш бурд ва инҷо буд, ки парастор писарамро аз дастам гирифту рӯи тахти ҷарроҳӣ гузошт. Ман он лаҳза берун рафтам. Кӯдак вақте ба ҳуш омад, пешам оварданд, ором буд, гиря намекард. Баъди ҷарроҳӣ фақат як бор ба рагаш ҳамроҳи кубиталка сӯзан заданд ва муддати се рӯз аз ҳамон ҷо бе дарду ранҷ доруҳоро тазриқ мекарданд. Захмбандӣ ҳам дар ҳамон утоқи хоб назди худам анҷом мешуд.»

Ба гуфтаи хонум Марзия, пизишкони Бемористони Ибни Сино бо муносибати солим ва отифӣ бо писараш саъй кардаанд, ки ба рӯҳу равони кӯдак осеб назананд. Ин аз шеваҳои роиҷи муносибат бо беморон дар Бемористони Ибни Сино аст. Мутахассисони мо бо ҳар беморе робитаи самимиву дӯстона барқарор мекунанд, то бемор рӯҳан худашро роҳат ва солим эҳсос кунад. Бархӯрди хуш ба саломати беморон кумак мекунад.