Ҳар беморе, ки дар Бемористони Ибни Сино бистарӣ мешавад, барои анҷоми озмоишҳои пизишкӣ ниёз надорад дар берун аз бемористон ба дунболи озмоишгоҳ бигардад. Ин озмоишҳоро ба содагӣ метавон дар озмоишгоҳи ҳамин бемористон анҷом дод.
Хуросон Набиева, пизишки ин озмоишгоҳ, дар ин бора мегӯяд: «Озмоишгоҳи мо яке аз дақиқтарин озмоишгоҳҳои кишвар буда, 24 соат дар хидмати мардум аст ва мо ҳамеша аз васоил ва таҷҳизоти наву бокайфият истифода мекунем.»
Дорухонаи дами даст
Пеш аз ҳама бояд таъкид кард, ки ҳеч яке аз пизишкони Бемористони Ибни Сино бо ширкатҳои дорусозӣ ҳамкорӣ надоранд ва маводи доруӣ ва васоили пизишкии тавлиди ин ё он ширкатро ҳам таблиғ намекунанд. Ҳамаи доруҳое, ки ба беморон тавсия мешавад, дар дорухонаи ҳамин бемористон мешавад пайдо кард.
Доруҳо ва васоили ин дорухона тавлиди ширкатҳои муътабари ҷаҳонӣ буда, асосан аз Эрон ворид карда мешаванд. Бештари доруҳоеро, ки дар дорухонаи Бемористони Ибни Сино фурӯхта мешавад, дар дорухонаҳои дигар наметавон пайдо кард.
Дорухонаи Бемористони Ибни Сино аз ҷумла доруҳое барои дармони диобет, амрози дилу гурда, доруҳои равонгардон (психотропӣ), витоминҳои гуногуни бокайфият дорад, ки дар дорухонаҳои дигар камтар пайдо мешавад.
Китобхонаи бемористон
Оё ба ин фикр кардаед, ки бемористон ҳам метавонад китобхона дошта бошад? Албатта, ки дорад! Ҳар як бемористон бояд китобхона ва ё гӯшаи китоб дошта бошад, ҳам барои беморон ва ҳам барои мутахассисону пизишкон. Бемористони Ибни Сино шояд танҳо бемористоне дар кишвар аст, ки ду китобхона дорад. Яке китобхонаи осори бадеӣ дар табақаи ҳафтум ва дигар китобхонаи улуми пизишкӣ дар табақаи дуюми бемористон.
Манобеъи ҷаҳонии илми пизишкӣ ва адабиёти ҷаҳон ба забонҳои инглисӣ, русӣ ва форсӣ-тоҷикӣ дар шакли савтӣ ва катбӣ дар ин китобхона барои мутахассисони бемористон фароҳам аст. Пизишкони бемористон, ки ҳамеша дар ҳоли ҷустуҷӯ ва пажӯҳиш ҳастанд, аз онҳо барои анҷоми таҳқиқот ва корҳои илмӣ фаровон истифода мекунанд.
Фарзона Абдуллоева, масъули таъминоти бемористон, мегӯяд: «Пизишк дар баробари китобҳои илмӣ ҳатман бояд китобҳои бадеиро низ мутолиа кунад, то бо беморон хушмуомила ва ширинзабон бошад. Ин дар муносибат бо бемор хеле муҳим аст.»