Рози дуввуми муваффақияти Бемористони Ибни Сино дар мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ва таҷҳизоти замонавии он аст. Абдухалил Холиқзода раиси ҳайати мудираи Бемористони Ибни Сино рози муваффақияти Бемористони Ибни Синоро ба ду шиори аслии корӣ вобаста медонад ва мегӯяд: Шиори аввал: “Ба ҳар касе ки ба Бемористон корафтода мешавад, мо камтар аз наздикони худ муносибат намекунем!” мебошад.
Яъне дар ин бемористон ҳар мариз бо таваҷҷӯҳи хос ва диққати боло ташхис ва дармон мешавад. Кормандон ба бемор айнан ҳамон тавр муносибат мекунанд, ки гӯё ӯ падар, модар ё хоҳару бародари худашон бошад.
Шиори дигар: "Чаҳордаҳ бор ташхис кун ва як бор табобат" аст. Бемористон дар чаҳордаҳ ришта мутахассис дорад ва онҳо дар ташхис ва дармони беморон ҳамеша ба ҳамдигар кумак мекунанд , ки ин сифати корро боз ҳам беҳтар мекунад.
Ба гуфтаи ҷаноби Холиқзода агар дар урфият мақоли "ҳафт бор чен куну як бор бибур" ба маънои диққати боло роиҷ аст, мо дар бемористон пеш аз ба бемор даст задан ду бор бештар аҳамият медиҳем ва ин ҳарфи холӣ нест.
Оқои Абдухалил Холиқзода бемористонро асосан ба се қисм, яъне мутахассисони ҳирфаӣ, таҷҳизоти замонавӣ ва таъминоту таъсисот ҷудо мекунад. Ташкили ҳамкории хуби ин се омил дар Бемористони Ибни Сино як рози асосии муваффақияти ин даргоҳ аст.
Дар тақвияти ин суханон дуктур Мунира Нуъмонова, пизишки варзидаи қалб (кардиолог) дар Бемористони Ибни Сино, мегӯяд яке аз далоили обрӯву эътибори ин бемористон дар он фаъолият доштани пизишкону мутахассисони хориҷиву дохилии сатҳи байналмилалӣ аст. Пизишконе, ки ҷарроҳиҳои душвори дил ва аъзои дигари баданро анҷом медиҳанд.
Вай меафзояд: «Дар инҷо тамоми ҷарроҳиҳои кардиологӣ, урологӣ, гинекологӣ, ҷарроҳии чашм, бинӣ, зебосозии сурат ва андом ва ҷарроҳиҳои мураккаби ортопедӣ анҷом мешавад.»
Таъминоту доруву васоили масрафӣ ва озмоишгоҳи шабонарӯзӣ аз розҳои дигари муваффақияти Бемористони Ибни Синост, ки дар ин бора дар матлаби баъдӣ нашр хоҳем кард.