{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Табобати Кувид 19

Вируси куруно ва асари он ба бадани инсон то ҳол ба пуррагӣ омӯхта нашудааст.

Вале иттилоъи то ҳол мавҷуд бозгӯи он аст, ки дар асари сирояти вируси куруно ду мушкили асосӣ пеш меояд.

1. Илтиҳоби шуш ё ба истилоҳ "пневмонӣ", ки дар асари он бемор ба мушкили нафастангӣ (дар ин бора мо дар ин ҷо навиштаем) гирифтор мешавад.

2. Ғализ шудани хун ё ба истилоҳ "коагулопатӣ", ки ба хатари пайдо шудани лахтҳо дар хун (дар ин бор мо дар ин ҷо навиштаем) ва марги ногаҳонӣ мунҷар шуда метавонад.

Назарҳо дар бораи сабабҳои илтиҳоби шуш ва ғализ шудани хун бар асари таъсири вируси куруно зиёданд, ва ҳадафи ин ёддошт баррасии онҳо нест, бахусус худи мутахассисони соҳа то ҳол ба як хулосаи умумӣ нарасидаанд. Барои ин ёддошт муҳим аст, хонанда донад, ки дар натиҷаи таъсири вируси куруно ин ду ориза пеш меоянд ва бояд чи гуна бо ин авориз бархӯрд кард.

Ин ду ориза қобили хуб контрол шудан ҳастанд ва агар бемори маъмулӣ дар зери назари мутахассис қарор гирад, бе мушкили хос бемориро паси сар мекунад.

Оризаи якум бо ду роҳ қобили ташхис аст. Маълум аст, ки илтиҳоб дар шушҳо зарфияти ин узвро коҳиш медиҳад ва асари он ба ғайр аз навори томографӣ дар пастшавии сатҳи оксижени хун мушоҳида карда мешавад.

Барои ташхис ва контроли оризаи дуюм озмоиши таркиби хун имкон медиҳад, ки аз оқибати ногувор сари вақт чораҳои пешгирикунанда дида шаванд.

Пеш аз ҳама барои табобати муассир сари вақт сар кардани масрафи доруҳои аз ин ду ориза пешгирикунанда бисёр муҳим аст.

Дар рафти табобат пайваста назорат кардани сатҳи оксижени хун ва сатҳи ғализшавию лахтбандии он аҳамияти вежа доранд. Аз ҳамин сабаб мутахассис бо назардошти ҳоли бемор озмоиши хун таъин мекунад ва пайваста ба воситаи дастгоҳ сатҳи оксижени хунро назорат менамояд, ки ин ду амал барои пешгирӣ аз оризаҳои вазнин аҳамияти вежа доранд. Дар ҳолати риояи ин шартҳо аксари мубталошудагони ғайри гурӯҳи риск ин бемориро дар шароити хона тақрибан хеле сабук мегузаронанд.

Аммо беморони гурӯҳи риск бояст аз рӯзи аввали беморӣ дар зери муроқибати вежа қарор бигиранд.

Беморони системи эманӣ, диабети қанд, фишорбаландӣ ва ғайра ба як қатор оризаҳои дигар гирифтор шуда метавонанд, ки муроқибати вежа мехоҳанд.

 

 

 

 

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст