{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Чаро Кувид -19 нафастангӣ эҷод мекунад?

Нафастангии кувидӣ бар асари илтиҳоби шушҳо ба миён меояд.

Илтиҳобе(пневмония) ки бар асари бемории Кувид-19 дар шушҳо пеш меояд, аз лиҳози клиникию патогенезӣ аз асари бемориҳои уфунию вирусии дигар, ки ба илтиҳоби шуш меоранд, фарқ мекунад.

Ҳолати умумии бемори гирифтори Кувид-19, бо вуҷуди илтиҳоб дар қисмати зиёди шушҳо, метавонад як муддат нисбатан қаноатбахш монад. Яъне бемор худро хуб ҳис мекунад, нисбатан фаъол аст, гап мезанад, вале ногаҳон ҳолаташ бад мешавад ва зарурияти ёрии оҷили тиббӣ пеш меояд.

Ҳангоми ворид шудани вирус ба бадани инсон дар сатҳи вирус сафедаҳои хос ташаккул ёфта, дохили эритроситҳо мешаванд ва оҳанро (гемоглобин) (дар ин ҷо навиштаем) аз он берун менамоянд. Дар натиҷа эритроситҳо қобилияти расонидани оксижен ба бофту узвҳоро гум мекунанд. Дар ин замина узвҳо зарар дида, тадриҷан фаъолияташон суст мегардад.  Албатта ин раванд ба ҳама узвҳои инсон таъсир мекунад, вале  зарар дар шушҳо бештар мушоҳида мегардад.

Иловатан бар асари таъсири вирус илтиҳоби пардаи дарунии рагҳои хунгард (эндотелӣ) ба миён меояд. Дар натиҷа сатҳи илтиҳобёфтаи рагҳо мавзеъи таҳшини тромбоситҳо гардида,  хунлахтаҳо ба девори рагҳо мечаспанд ва гардиши хун халалдор мешавад. Ин омил ҳам боиси коҳиш ёфтани мубодилаи газҳо дар шушҳо мегардад, ки бевосита ба заъфи шушҳо меорад.

Дар ташхиси пневмонияи кувидӣ, Томографияи компютерӣ иттилои комил медиҳад. Мо дар Бемористони Ибни Сино аз ин ташхис ҳам дар марҳилаи аввали беморӣ барои мушаххас кардани зоеъаҳои хурди илтиҳоб ва ҳам дар раванди табобат (дар ин ҷо навиштаем) барои баҳо додан ба дараҷаи даргирии шушҳо, фаровон истифода мекунем.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст