{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Чаро дар асари Кувид-19 хун ғализ мешавад?

Лахтшавӣ хосияти табиии хун буда, марҳалаи муҳими фаъолияти системи ҳемостаз мебошад, ки барои пешгирӣ аз хунрезӣ дар сурати пора шудани рагҳои хунгард ва хунрезиҳои дигар хидмат мекунад. Системи ҳемостаз таркиби хунро аз як сӯ моеъ нигоҳ дошта, ҷараёни онро дар ситемаи дилу раг таъмин мекунад ва аз сӯи дигар лахтшавиро танзим менамояд, то дар ҳолати хунрезӣ пешгирии мазкур ба амал ояд. 
Ҳемостаз дар баробари танзими ҳемодинамики хун, ҳамчунин дар сиҳатшавии захмҳо, вокуниши иммунологӣ ва равандҳои илтиҳобӣ низ иштирок мекунад. 
Дар асари бемориҳои уфунӣ, аз ҷумла Кувид-19, системи ҳемостаз лахтшавии сонавиро фаъол месозад, ки дар асл он пешгирӣ аз паҳншавии микроорганизмҳо дар бадан мебошад. Вале дар асари он баъзан лахтшавии беш аз ҳад низ ба амал меояд.
Лахтшавии аз меъёр зиёди хун ба оризаҳо оварда метавонад, ки яке аз онҳо пайдо шудани лахт (тромб) дар рагҳои хунгард аст.
Яке аз сабабҳои фавти ногаҳонӣ дар байни беморони гирифтори Кувид-19 маҳз ҳамин хунлахтаҳо мебошанд, ки ҷараёни хунро дар ин ё он узви ҳаётан муҳим мебанданд. 
Барои пешгирии ин ҳолатҳо бояд сатҳи ҷузъиёти хун ва бахусус лахташавии он, (сатҳи тромбоситҳо, вакти проторомбин, АЧТВ, ферритин ва Д димер) зери назорати пайваста бошанд. (дар ин бора мо дар ин ҷо навиштаем) Танхо бо назорати ин нишондихандаҳо пизишк метавонад оризаҳои вазнин ва бебозгаштро бо таъини табобати махсус  (дар ин ҷо навиштаем) пешгирӣ намояд.
Озмоишгоҳи Бемористони Ибни Сино 24 соат фаъол аст ва озмоишҳои мазкурро дар сатҳи муносиб анҷом медиҳад, ки муваффақияти ташхису табобатро имконпазир мегардонад.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст