{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Барномаи "Пурсишу посух" бо иштироки Аббоси Тавакуллиён

Саволи 1: Оё хушкии даҳон ва ташнагии зиёд метавонад аломати бемории қанд бошад?

Ҷавоб: Хушкии даҳон дар ҳар касе, ки хастагии асаб, изтироб ё ташвиш дошта бошад метавонад мушоҳида шавад. Хушкии даҳон ба худии худ наметавонад нишонаи диабет бошад.

Аммо вақте касе хушкии даҳон дорад ва оби фаровон ҳам металабад, метавонад нишонаи якчанд беморӣ бошад. Агар даҳон хушк бошад ва оби фаровони хунук талабад, метавонад яке аз нишонаҳои диабет бошад дар ҳоле ки бемориҳои дигар ҳам ин аломатро ба вуҷуд меоранд.

Дар ҳоли диабети ғайриқандӣ, ки ҳормони зидди тарашӯъи идрор аз ҳипофез тарашшӯъ намешавад, низ идрори фаровон, хушкии даҳон ва ташнагии шадид ба вуҷуд омада метавонад.

Агар калсиюми бадан ҳам афзоиш пайдо кунад, боз ҳам хушкии даҳон ва ташнагии шадидро ба вуҷуд меорад. Гипертерози шадид ҳам метавонад ин ҳолатро ба вуҷуд орад.

Ҳамчунин, бемории ревмотизм қудрати тарашшӯъи оби даҳонро кам мекунад. Ин беморӣ низ метавонад хушкии даҳонро ба вуҷуд биёрад.

Пас, фақат хушкии даҳон, бидуни нӯшидани оби зиёд, бештар аз мушкили асаб ва ин бемориҳое ки зикр шуд, шаҳодат медиҳад.

Яъне асабхастагӣ, изтироб ва бемории ревматизми ғудати бузоғӣ фақат хушкии даҳон эҷод мекунанд.

Аммо хушкии даҳон ҳамроҳ бо талаби оби зиёд, метавонад нишонаи диабети қандӣ,  диабети ғайриқандӣ ва афзоиши калтсиюм ё гипперкалтсиюм бошад.

Савол. Иллати ақибмондагии инкишофи қад дар кӯдакону наврасон чи ҳаст ва оё бо масрафи витамин ва доруҳо, метавон онро афзоиш дод?

Ҷавоб. Албатта ҳар падару модаре дӯст доранд, ки бачаҳояшон қадбаланд бошанд. Ва бисёр вақт волидайн кӯдаконашонро бо кӯдакони дигари ҳамсинни онҳо муқоиса мекунанд. Аммо ҳар кӯдакеро бояд бо худаш муқоиса кунед. Умуман барои санҷидани қадди кӯдакон як формули риёзӣ вуҷуд дорад, ки бо риояти он, падару модарони азиз метавонанд бифаҳманд, ки қадди кӯдаки онҳо кӯтоҳ (паст) аст ё не. Он формулро ҳам, мо дар мақолае дар сойти бемористон баён кардем ва агар азизон моиланд, метавонанд онро аз инҷо пайдо кунанд.

Аммо бобати истифодаи витаминҳо бояд бигӯям, ки витаминҳо ҳеҷ таъсире ба қадди инсон надоранд, танҳо камбуди витамини D метавонад каме асаргузор бошад. Истифодаи ҳормони рушд ҳам барои ҳама мумкин нест. Чаро ки камбуди ҳоромони рушд танҳо яке аз сабабҳои кӯтоҳии қад ба шумор меравад ва бисёр кам вомехӯрад. Барои мисол, дар кулли Тоҷикистон дар як сол, шояд 5 аз нафар зиёд набошад. Ва ҳормони рушд ҳам фақат барои ин афрод таъсиргузор аст. Аммо кӯтоҳии қад дар аксари кӯдакон сабабе дигар дорад. Волидайни азиз инро дар хотир дошта бошанд, ки то 30 дарсади кӯдакон дертар рушд мекунанд ва ба булуғ мерасанд. Бисёр вақт кӯдаконе, ки дар 13,14 ва 15 солагӣ қадди кӯтоҳе дошанд, дар синни 18, 19 ва 20 солагӣ якбора рушд карданд ва қадбаланд шуданд. Ин кӯдакон ҳеҷ беморӣ ё нуқсе надоранд ва як муоинаи содаи тиббӣ, кӯтоҳ ё табии будани қадди онҳоро муайян мекунад.    

Саволи 3. Лутфан дар мавриди масрафи доруҳои диабетӣ, хусусан глюкофаж ва диабетон ва дар маҷмӯъ масрафи доруҳои диабети қанл бигӯед. Агар ин дорӯҳо боиси дарунравии зиёд шаванд оё метавон аз истеъмолашон даст кашид?

Ҷавоб. Бояд бидонем, ки на ҳамаи дорӯҳои диабет боиси дарунравӣ (истилоҳ)  мешаванд. Яке аз ин дорӯҳо метформин мебошад, ки дар табобати диабети навъи II-юм, яке аз дорӯҳои асосӣ ба шумор меравад. Одатан, дарунравӣ барои аз се то панҷ дарсади беморони мубтало ба диабети навъи II-юм, ки бори аввал метформинро истеъмол мекунанд, дида мешавад. Ин ҳолат оризаи баде намебошад ва баъди чанде аз байн меравад. Миёни беморони диабет, танҳо як дарсади беморон ҳастанд, ки организмашон бо метформин созгорӣ надорад. Яъне аз 100 нафар, ки метформин масраф мекунанд, танҳо як нафар метавонад гирифтори дарунравии шадид гарданд. Бо вуҷуди ин, аҳамияти метформин дар табобати диабети навъи II-юм ба андозае муҳим аст, ки намешавад аз он даст кашид. Мутаассифона, гоҳе мутхассисон ба иллати надоштани шинохти кофӣ аз ин дору, метфоминро нодуруст таъин мекунанд. Хусусан, барои бемороне, ки бори аввал ба истеъмоли метфмормин шурӯ мекунанд, таъини 500 мг ё 1000 мг ин дору, кори нодурустест. Ҳар беморе, ки бори аввал ба ин андоза метформин бикунад, дарунравӣ пайдо мекунад. Беморон бояд аз 1/4 қурс шурӯ кунанд ва баъди як ҳафта ё даҳ рӯз, ба ними қурс дар рӯз ва баъди як моҳ  ба як қурси комил, як ё ду бор дар рӯз оварда расонанд.                                                                      

Аммо дар қатори ин, диабети қанди кӯҳнашудаи музмин (диабете, ки 10-15 сол идома доштааст ва қандҳояш ҳам назорат нашудаанд) низ, метавонад  дарунравии шадид эҷод кунад. Инро дар илми тибб "дарунравӣ ё ислоҳи диабетӣ" меноманд. Дар натиҷаи диабет, системи асабӣ, ки аз мағз ба меъдаву рӯдаҳо пайваст аст, вайрон мешавад ва афрод дучори дарунравӣ мегарданд. Ва мо бояд ин навъи дарунравиро бо дарунравие, ки бо сабаби истеъмоли дорӯҳо ба вуҷуд меояд, иштибоҳ нагирем.

Савол. (4)  Изофавазн (фарбеҳӣ) ё чоқӣ яке аз мушкилотест, ки бисёриҳо ба он дучор мешаванд. Иллаташ дар кудакон ва занон чи аст ва роҳҳои танзимаш чи гунаанд?

Ҷавоб.  Фарбеҳӣ ё ҳамон ҷоқӣ ду иллати асосӣ дорад. Як иллаташ дар ҳипоталамуси инсон иттифоқ меуфтад. Ин ноҳияи мағзи сар, кораш халалдор мегардад ва инсон фарбеҳ шудан мегирад ва вазнаш то 160-170 кг мерасад. Ин гуна афрод шикамҳои уфтода доранд ва ба сахтӣ ҳаракат мекунанду роҳ мераванд. Инро дар истилоҳи тиббӣ фарбеҳӣ ё чоқии ҳипоталамусӣ меноманд.  Ин навъи чоқӣ дар Тоҷикистон хеле кам аст ва теъдодашон шояд аз 20 нафар бештар нест. Иллати дуввум дар системи метаболик ё ҳамон мубодилаи моддаҳо қарор дорад. Бемории синдроми метаболик низ боиси фарбеҳӣ мегардад. Умуман, тибқи оморҳои тиббӣ, 99,9%  афроде, ки мушкили фарбеҳӣ доранд, гирифтори бемории "синдроми метаболик" ҳастанд. Яъне як гени диабет дар насли гузашта ё наздикони инҳо вуҷуд доштааст ва агар ин гени диабет (на худи диабет) вориди бадани бачаҳои насли нав шавад, чоқӣ ба вуҷуд меорад. Дар натиҷа, афрод аз кӯдаки тамоюл ба фарбеҳшавӣ пайдо мекунанд. Гоҳе ин мушкил дар кӯдакӣ ва гоҳе дар бузургсолӣ, махсусан пас аз таваллуди фарзанд ба амал меояд. Баъзан волидайн, далели фарбеҳии кӯдаконашонро дар пурхӯрии кӯдак мебинанд, аммо ба андешаи мутахассисон, ин таҳрик ба пурхуриро ҳам ҳамон гени диабетӣ анҷом медиҳад. Бемории синдроми метаболик, имрӯз табобатшаванда аст ва беморон бояд ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат кунанд. Дар бемористони мо, ин беморон аз 5-6 ташхиси мушахас мегузаранд, то сабаби фарбеҳиашон муайян шавад. Сипас қаду вазнашон андозагирӣ  мешавад ва тибқи натиҷаҳои ташхис, ба онҳо табобати доруӣ ё машқ таъин карда мешавад.   

Саволи 5. Оё бемории COVID-19  ба фаъолияти системи ғадудҳо метавонад таъсир гузорад?

Ҷавоб. Бемории COVID-19  ба тамоми узвҳои бадан метавонад таъсир расонад. Системи эмании инсон (иммунитет) дар муқобила бо ин вирус айни ҳол оҷиз аст ва вирус ҳарҷои баданро метавонад мавриди ҳамла қарор диҳад. Дар бобати системи ғадудии бадан бошад, COVID-19  аз ҳама бештар ба ғадуди сипаришакл таъсир мерасонад.  Вируси куруно метавонад як бемории илтиҳобии ғадуди сипаршаклро ба вуҷуд биёрад. Дар кӯдакон бошад, сирояти вирус ба ғадуд, метавонад боиси сар задани як бемории ревматизмии ғадуд гардад. Аммо хатари асосии COVID-19  дар аворизи баъдии он нуҳуфта шудааст. Имрӯз дар истилоҳи тиббӣ, ба унвони “синдроми ихтилоли баъди кувид”  маъруф аст. Ба андешаи пизишкон, афроди зиёде, ки COVID-19 - ро пушти сар кардаанд, ихтилоли ҷиддии руҳиву равонӣ пайдо мекунанд, ки таъсири зиёди манфӣ дар ҳаёташон мегузорад.                                                                

Умуман бемории COVID-19 маводи миёнбарро дар мағзи сари инсон дучори мушкил мекунад ва ҳарчанд инсон COVID-19 – ро паси сар кунад ҳам, баъд аз он  ба як шахсияти асабӣ ва васвосӣ мубаддал мегардад..