{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Барномаи "Пурсишу посух" бо иштироки Алдубонии Соми

Савол. Оё нуқси модарзодии дилро мешавад бе ҷарроҳии кушод дармон кард?

Ҷавоб. Нуқси модарзодии дил гуфта, маъмулан сӯрохи байни ду батн, сӯрохи байни ду даҳлез ё сӯрохи бийни аорт ва шарёни шушӣ метавонад бошад. Баъзе аз ин нуқсҳо дармони ғайриҷарроҳӣ доранд. Барои муайян кардани ин, ки нуқси модарзодии дилро мешавад бо роҳи ғайриҷарроҳӣ табобат кард, бемор бояд аз ташхиси лозима гузарад.

Савол. Ҳангоми хоб садои дилзаниамро мешунавам. Ин чи маъно дорад?

Ҷавоб. Одатан дар ҳолати одӣ, иснон набояд садои дилзаниашро бишнавад. Аммо баъзан, одамоне, ки якпаҳлу мехобанд, мумкин аст садои дилзаниашонро бишнаванд. Ва баъзе аз бемориҳои дил ҳам, мумкин аст ба ин сурат худашонро нишон диҳанд. Яке аз чунин бемориҳо пурфишорӣ ё норасоии кори даричаи аорт мебошад. Ва мумкин аст беморие ҳам надошта бошад, аммо фард садои дилзаниашро мешунавад. Хулоса, агар касе дар худаш чунин ҳолатро мушоҳида кард, бояд аз як муоинаи қалбӣ гузарад, то маълум шавад, ки дилаш мушкиле дорад ё не.

Савол. Сабаби тохекордии пароксизмалӣ чист ва чи гуна онро бояд дармон кард?

Ҷавоб. Аслан маънои тахикардӣ тунд ё сахт задани дил мебошад. Тахикардии пароксизмалӣ бошад, яъне тунд задани дил ба сурати ҳамлаӣ (сари чанд вақт) аст. Яъне қалбе, ки ором кор мекунад, якбора дар зарфи чанд дақиқа, чанд соат ё чанд рӯз сахт- сахт задан мегирад. Ин ҳолат метавонад иллатҳои мухталиф дошта бошад. Бештар дар қисмати меъдачаҳо иттифоқ меуфтад ва дил дар болои меъдачаҳо сахт-сахт задан мегирад. Дар истилоҳи тиббӣ инро тахикардии болои меъдачаҳо меноманд. Сабаби тахикардии пароксизмалӣ як падидаи барқӣ ё мавҷи электрикӣ мебошад, ки дар дохили гиреҳи даҳлезӣ-батнӣ эҷод мешавад.                   

Агар касе гирифтори тахикардии пароксизмалӣ мебошад, бояд дар вақти пароксизмаш (сахт-сахт задани дилаш) аз муоинаи ЭКГ гузарад. Аз рӯи натиҷаи ЭКГ табибон метавонанд навъи тахикардии ин бемор ва роҳҳои дармони онро муайян кунанд. Тахикардии пароксизмалиро одатан бо дору ва усули электрофизиоложӣ (родиюдармонӣ ё аболейшн) дармон мекунанд.   

Саволи 5. Фишори баланд ҳангоми бемории COVID-19 чи хатар дорад?

Ҷавоб. Албатта афроди дорои фишори хун ба гурӯҳи риски беморони COVID-19 шомил мегарданд. Ва бемории COVID-19 ҳам тибқи як тақсимбандӣ мумкин аст дар шаш намуд зоҳир шавад. Яке аз ин ҳолатҳо ин аст, ки касоне ки қаблан фишори хун доштанд ва фишорашон ба хубӣ назорат мешуд, дар натиҷаи гирифтор шудан ба COVID-19  назорати фишорашонро аз даст медиҳанд ва фишори хунашон мумкин аст якбора боло равад. Барои чунин афрод мо тавсия мекунем, ки назорати фишори хунашонро аз ёд набаранд ва дорӯҳои лозимаро дар вақти таъиннамудаи пизишк истеъмол намоянд.     

Савол. Чи тавр бояд фаҳмид, ки шахс дар ҳолати пеш аз сактаи қалбӣ қарор дорад. Нишонаҳои он ва чи гуна метавон ба чунин шахс кумак кард?

Ҷавоб. Сактаи қалбӣ бемории бисёр хатарнок ва ғофилгиркунанда мебошад. Бисёр вақт афроди нисбатан ҷавон, дар синни 40-50 солагӣ гирифтор ба сактаи дил мегарданд. Бинобар ин, сактаи дил ё ҳамон сактаи қалбӣ имрӯз аҳамияти иҷтимоъӣ-иқтисодӣ дорад. Ҳоло бояд бубинем, ки чи авомиле боис мегарданд, ки шахс дар маъразӣ хатари сактаи дил қарор мегирад? Ба гурӯҳи хатар, пеш аз ҳама афроде шомил мегарданд, ки омилҳои хатарсози бемориҳои дилу рагро доранд. Ин авомили хатарсоз иборатанд аз:                                                                                            

1. Фишори хуни боло;

 2. Чарбии хуни боло (холестерин ва ғ). Ногуфта намонад, ки ҳудуди 50 дарсади одамон дар сар то сари ҷаҳон, сатҳи чарбии хунашон болост;

3. Диабети қанд. Бемории диабет яке аз муҳимтарин авомили сар задани бемориҳои дилу раг мебошад ва имрӯз дар ҷаҳон бисёр паҳнгардида аст;

 4. Масрафи сигор ва нос;

5. Зиндагии камҳаракат. Албатта, масъалаи женетик ё ирсият ҳам вуҷуд дорад ва мардон бештар аз занон гирифтори бемориҳои дил мегарданд.  Пас афроде, ки ин авомили хатарсозро доранд, дар гурӯҳи хатари гирифтор шудан ба сактаи дил қарор мегиранд. Бояд ба ин авомил диққат диҳанд ва онро назорат кунанд.

Савол. Иллати гирифтор шудан ба нуқси иктисобӣ ё пайдошудаи дил чист?

Ҷавоб. Нуқси иктисобӣ ё ҳамон касбкарда, бештар ба бемориҳои рагҳои дил марбут аст. Сабабҳои асосии бештари бемориҳои рагҳои дил ин зиндагии шаҳрӣ, исстрес, истеъмоли ғизои носолим (фастфуд), ғизоҳои серравған, камҳаракатӣ, истеъмоли сигор ва ғ., мебошанд. Маҳз ин авомил боиси эҷоди бемориҳои рагҳои дил мегарданд. Инчунин як қатор бемориҳои дигар ҳам мавҷуданд, ки бо сабаби тарбод (ревмотизм) ба вуҷуд меоянд. Сабаби асосии тарбод бошад, бемории тонзилит ё ҳамон ангина мебошад. Ин беморӣ бештар дар кӯдакон дида мешавад ва дар сурати сари вақт табобат нашудан, метавонад ба тангии даричаи митрол оварда расонад.  Пас сабаби асосии бемориҳои иктисобӣ ё пайдошудаи дил баъзе бемориҳои модарзодӣ, бемориҳои рагҳои коронарӣ ва бемориҳои тарбодӣ (ревмотизмол) мебошанд.

Саволи 8. Пойҳои падари ман доим варам мекунанд ва ҳар рӯз рингер мемонанд. Иллаташ чист?

Ҷавоб. Дорӯи "Рингер-ро асосан ба касоне таъин мекунанд, ки обу намаки баданашон кам шуда бошад. Аммо варами по метавонад иллатҳои гуногун дошта бошад.  Аз ҷумла норасоии қалбӣ, норасоии кори гурдаҳо, халал дар кори сиёҳрагҳои по (варикоз) ва ғ., метавонад ба варами пойҳо оварда расонад. Инчунин баъзе аз бемориҳои метаболик, масрафи баъзе доруҳо (масалан доруҳои фишори хун) низ метавонанд боиси варами по гарданд.                                                 

Пас, агар касе варами по дорад, бояд аввал сабаби варам кардани пойҳояш муайян карда шаванд ва танҳо баъд барояш табобат таъин шавад.