{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Шумо шакли бинии худро дӯст надоред ва мехоҳед онро ислоҳ кунед?

Мо онро зебо мекунем! 
 
Шакл ва андозаи бинӣ дар шаклгирии чеҳраи инсон нақши бисёр муҳиме дорад. Аз ин ҷост, ки на ҳамаи мо аз шакли бинии худ розӣ ҳастем ва мехоҳем онро тағйир диҳем.
 
Ринопластика аз пуртарафдортарин амали зебосозии сурат аст ва дар шароити имрӯз ҳамеша дар дастрас аст.
 
Ин навъи амали ҷарроҳӣ имрӯз муъҷиза месозад ва биниро табдил ба як асари ҳунарӣ мекунад. Бо анҷом додани он на танҳо шакли бинӣ, балки чеҳра ва руҳияи инсон ҳам ба самти мусбат тағйир меёбад. Шахс аз уқдаи равониву ҷисмонии худ наҷот пайдо мекунад.
 
Ҷарроҳии бинӣ ба далоили зерин, ки ҳам хусусияти зебоӣ ва ҳам дармонӣ доранд, анҷом дода мешавад.
 
• Каҷии девораи бинӣ
• Каҷии бинӣ пас аз осеб
• Мушкил дар танаффус
• Бинии баланд ё дароз
• Нӯки ғафси бинӣ
• Сӯрохҳои бузург
• Кӯз доштани бинӣ
 
Агар Шумо аз шакли бинии худ норозӣ ҳастед ва мехоҳед онро ислоҳ кунед, метавонед ба Нозим Шодиев мутахассиси зебосози бинии Бемористони Ибни Сино муроҷиат кунед.
 
Шумо метавонед муддати як рӯз пас аз ҷарроҳии бинӣ мураххас шуда, бо риояти дурусти тавсияҳои мутахассис ба зиндагии маъмулии худ баргардед.
 

Маълумоти бештарро дар бораи ринопластика аз инҷо дарёфт кунед.
Агар дар бораи нархи ҷарроҳии ринопластика донистан мехоҳед, ин пайвандро кушоед.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст