{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Ҷарроҳии пластикӣ - бозгардонидани зебоӣ ва ҷавонӣ

Ҷарроҳии пластикӣ имрӯз қисмати ҷудонашавандаи зиндагии мо гаштааст. Ин соҳаи тиб дар оғоз барои бартарафкунии як қатор нуқсонҳои бадани одамӣ, бо роҳи амалӣ ҷарроҳӣ хизмат мекард. Аммо бо мурури замон доираи корбурди ҷарроҳии пластикӣ хеле васеъ гардид ва дар ҳоли ҳозир, на танҳо соҳаи тармимӣ, балки зебосозиро низ дар бар мегирад.

Ҷарроҳиҳои зебосозӣ имрӯз бисёр машҳур буда, одамони зиёде барои зебо гардонидани намуди зоҳирии худ ба ин самти ҷарроҳии пластики муроҷиат мекунанд. Ҷарроҳиҳои зебосозӣ одатан дар ҷойҳои бештар намоёни бадан, монанди рӯй, гардан, сина, қисмати шикам, даст ва пойҳо амалӣ мегарданд. Дар бахши ҷарроҳии пластикии Бемористони Ибни Сино амалҳои гуногуни зебосозӣ ва тармимӣ анҷом дода мешаванд. Барои дар сатҳи зарурѝ амалӣ намудани ин амалҳо  бахши мазкур бо навтарин дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин гардидааст. Дар ин бахши тиб тахассус ва таҷрибаи табиб нақши бениҳоят муҳим дорад. Дар бахши ҷарроҳии пластикии бемористон мутахассисони варзидаи ватанӣ ва хориҷӣ фаъолият мекунанд, ки кафолати дар сатҳи воло анҷом гирифтани амалҳои ҷарроҳиро таъмин мекунад.

Бахши ҷарроҳии пластикии Бемористони Ибни Сино амалҳои зерини зебосозиро анҷом медиҳад:                                                                                                                             

маммопластика - пластикаи синаҳо, хурдкунӣ, тарангкунӣ  (лифтинг) ва калонкунии синаи зан. Синаи зебо - орзуи ҳамешагии ҳар зан буда, пластикаи синаҳо ин орзуро ҷомаи амал мепӯшад. Маммопластика яке аз паҳнгаштатарин ҷарроҳиҳои занона ба шумор меравад. Имрӯз занони синну солашон гуногун, дар сар то сари ҷаҳон барои зеботар гардонидани ҷавоҳири худ ба ин навъи ҷарроҳии зебосозӣ рӯ меоранд;

блефаропластика - пластикаи пилки чашмон, бартараф кардани ожангҳои атрофии чашмон, рафъи варам, овезонии пӯст ва чарбуи пилки чашмон. Блефаропластика низ яке аз навъҳои бисёр машҳури  ҷарроҳии зебосозӣ ба шумор меравад. Ҳангоми кори табиби пуртаҷриба блефаропластика рӯи одамро комилан тағйир медиҳад ва онро қариб 10 сол ҷавонтар мегардонад. Ин навъи ҷарроҳиро дар синну соли гуногун мешавад анҷом дод;

фейслифтинг - тарангкунии пӯсти рӯй бо бартараф кардани ожангҳои пӯст. Фейслифтинг тарангкунии гирдогирди рӯйро меноманд, ки дар рафти он пӯст тарангшуда, ожангҳо бартараф мегарданд;

ринопластика - пластикаи бинӣ, тағйир додани шакл ва андозаҳои бинӣ, рафъи баландии пуштаки бинӣ, тағйир додани шакли нӯги бинӣ, хурд кардани андозаҳои  қанот ва сӯрохиҳои бинӣ, бартараф кардани деформатсияҳо ва каҷии бинӣ ва миёнадевори он, рафъи хамидагии (пастии) пуштаки бинӣ. Дар рафти ин амал ҷарроҳ  бурришро дар дохили сӯрохии бинӣ анҷом медиҳад, то ҷои захм ба назар намоён нагардад. Ин амали ҷарроҳӣ дар бофтаҳои мулоими бинӣ, тағояк ва устухонҳо амалӣ мегардад;

отопластика -  пластикаи гӯшҳо, тармими гӯшҳои чапар, сохтани суфраи гӯш, рафъи деформатсияи суфраи гӯш. Бо ёрии отопластика мешавад гӯшҳо ё қисматҳои ҷудогонаи онҳоро хурд кард, суфраи гӯшро барқарор намуд ва чапаргӯширо бартараф кард. Ба ин навъи ҷарроҳӣ чи одамоне, ки халали модарзодии суфраи гӯш доранд ва чи онҳое, ки суфраи гӯшашон дар натиҷаи ҷарроҳат халалдор гардидааст муроҷиат мекунанд; 

абдоминопластика - пластикаи шикам, бартараф кардани изофаи пӯстҳо ва чарбуи овезони шикам, мустаҳкам кардани девори пеши шикам. Ин навъи ҷарроҳӣ ба ҳамаи касоне, ки чарбии зиёд, пӯсти овезон ва мушакҳои шикамашон заиф гардидаанд фоидаовар хоҳад буд. Сабаби асосии ин иллатҳо синну сол, ҳомилагӣ ва фарбеҳии зиёд мебошанд.

липосаксия - гирифтани чарбуи изофаи қитъаҳои алоҳидаи бадан ба воситаи дастгоҳи махсус бе буридани пӯст. Анҷоми дурусти ин амал дар қитъаи амалшудаи бадан чарбиро барои ҳамеша нест мекунад. Липоксаксия барои одамоне, ки пӯсташон қобилияти ёзандагии худро аз даст надодааст тавсия мегардад.   

 Амалҳои зебосозӣ дар бахши ҷарроҳии пластикии Бемористони Ибни Сино бо тарҳу усули нав ва дар сатҳи аврупоӣ анҷом дода мешаванд.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст