{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Баъзе аз солмандон аз мушкили баромадагӣ, шикастагӣ ва ё соиш ёфтани мафосили соқу рон ранҷ мебаранд, аммо метарсанд амали ҷарроҳӣ кунанд. Ба ин хотир бисёре аз онҳо дар пиронсолӣ аз роҳ рафтан мемонанд, асобадасту маъюб мешаванд ва ночор бо мушкили худ канор меоянду то охири умрашон дард мекашанд. Бояд гуфт, пиронсолӣ охири зиндагӣ нест ва набояд ноумед шуд. Афроди солманд метавонанд комилан шифо ёфта, дубора рӯи пои худ биистанд ва ба зиндагии солим баргарданд.  
Тамоми навъи ҷарроҳиҳои системи такя ва ҳаракат, аз ҷумла устухони косу рон, буғум, соқ, бозӯ дар Бемористони Ибни Сино анҷом дода мешаванд. Мутахассисони ботаҷриба ва сатҳи байналмилалии мо бо истифода аз эндопротезҳои тавлиди кишварҳои аврупоӣ мушкили шуморо ҳал мекунанд.
Тафсилоти бештарро дар бораи амали эндопротезгузорӣ дар Бемористони Ибни Сино инҷо дарёфт кунед.
Доир ба ҷарроҳиҳои ортопедӣ ва нархи хидматрасонӣ ба ин пайванд сар бизанед.

 

 

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст