{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Эндопротези тоталии буғуми косу рон ҳангоми  баромадагии модарзодии рон.

Коксартрози диспластикӣ ё баромадагии модарзодии рон дар занон бештар вомехӯрад ва нишонаҳои клиникии он дар ҷавонӣ зоҳир мешаванд.

Даҳ дарсади мардум аз мушкили баромадагии модарзодии рон ранҷ мебаранд. Вуҷуди баромадагии модарзодӣ дар кишвари мо, ба далели нагузаштан аз ташхиси саривақтӣ ва ҳамчунин аз омилҳои ирсӣ бастагӣ доранд. Маъмулан, духтарон барои бартараф кардани ин мушкил баъд аз бистсолагӣ, бахусус пеш аз хонадоршавӣ, ба табибон муроҷиат мекунанд. Дар кишвари мо, баромади  баланди ронро маъмулан бо равиши таскиндиҳанда (паллиативӣ) дармон мекарданд. Дар ҳоли ҳозир чанд роҳи табобати баромадагии модарзодии  рон дар заминаи дисплазия вуҷуд дорад. Тармими фаврии дисплазия дар хурдсолӣ, ки дар нигаҳдории анатомии буғум вазифаи калидиро иҷро мекунад,  бисёр муҳим ва самаранок аст. Ҳарчанд ин дармон  натиҷаи муфидро метавонад дар тӯли 5-10 сол нишон диҳад. Дар мароҳили баъдӣ бошад, самаранокии табобат камтар мешавад. Бинобар ин, танҳо роҳе, ки барои табобати ин беморон боқӣ мемонад, ивази буғуми косу рон бо роҳи ҷарроҳӣ мебошад. Ин равиш имкон медиҳад дардро аз байн барад ё онро ба маротиб кам кунад. Инчунин, фаъолияти буғумро барқарор намуда, беморро ба зиндагии беҳтар, ки ҳатто қаблан тасаввурашро намекард, бармегардонад.

Ба Бемористони Ибни Сино, бемор С,  36 сола, бо ташхиси баромадагии модарзодии рон аз чап, кӯтоҳии пойи чап то 6 см, ки сабаби кӯтоҳии пой ба чойгиршавии сараки рон (неоартроз) дар боло ва каҷшавии устухони кос вобастагӣ дошт, муроҷиат кард. Аз дард, тағйири шакл (деформатсия) дар буғуми косу рон  ва лангидан шикоят дошт. Ба бемор пас аз гирифтани озмоишҳо ва давраи омодасозӣ ба ҷарроҳӣ, амали ҷарроҳии ивази буғуми косу рон ё эндопротезгузорӣ  бо равиши Paavilainen бо муваффақият анҷом шуд. Бемор пас аз ҷарроҳӣ табобати барқароркунанда гирифт ва дар рӯзи дуввум бо асобағал бидуни фишор ба андоми ҷарроҳишуда, ба роҳ рафтан шурӯъ кард. Дар рӯзи шашум дар ҳолати қаноатбахш аз бемористон мураххас шуд.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст