{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Буғуми косу рон бузургтарин буғуми системи такя ва ҳаракат аст, ки фишори зиёди ҷисмонӣ асосан бар рӯи он аст.  Вақте ғузруфи (хрящ) ин буғум осеб мебинад, устухонҳо ва буғум шуруъ мекунанд ба соиш ёфтан ва хӯрда шудан. Дар натиҷа шакли буғум  тағйир меёбад ва дардҳои шадид ҳангоми роҳ рафтан шурӯъ мешавад. 

Артрози буғуми косу рон таҳти таъсири омилҳои гуногун эҷод шуда, дар натҷа  боис ба тахриби бофти ғузруф ва устухонҳо мегардад. 
 
Омилҳои асосии ин беморӣ иборатанд аз:
* Осебу ҷароҳат
* Кори сангини ҷисмонӣ
* Ирсӣ ё женетикӣ
* Бемориҳои сироятӣ ва тарбодӣ

Афроди гирифтор ба ин беморӣ бояд сари вақт ба ортопед муроҷиат намоянд. Муроҷиати саривақтӣ метавонад хизмати буғумро хубтар ва тулонитар кунад. Дар марҳилаҳои ниҳоӣ ниёз ба иваз кардани буғум пайдо мешавад. Эндопротезгузорӣ танҳо роҳи дармони марҳилаи ниҳоии артрози буғуми косу рон аст. Он беморонро аз маъюбӣ наҷот дода, дубора ба  зиндагии солим бармегардонад. 

Бемористони ибни Сино  аз муассисаҳои пешгоми кишвар дар эндопротезгузории буғуми косу рон ба шумор меравад. Даҳҳо нафар, ки аз мушкили артрози косу рон ранҷ мекашиданд, бо эндопротезгузорӣ шифо ёфта, ба ҳаёти маъмулии худ баргаштанд. 

Маълумоти бештарро дар бораи коксартрози буғуми косу рон дар инҷо бихонед. 

Агар дар бораи нархи ҷарроҳиҳои ортопедӣ донистан мехоҳед, ин пайвандро боз кунед.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст