{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Артрози буғуми зонуҳо

Дарди зону яке маъмултарин шикоятҳост, ки бо он бештар ба табиб муроҷиат мекунанд. Яке аз сабабҳои пайдошудани дард дар зону артрози буғуми зону ё ба таъбири дигар гоноартроз ба шумор меравад. Гоноартроз бемориест, ки ба вайроншавии тағояки буғумҳо, тағйири шакли зону (деформатсия) ва маҳдудшавии ҳаҷми ҳаракати он оварда мерасонад. Ин беморӣ ду шакли асосиро дар бар мегирад. Шакли аввалия,ки бо сабаби иллати модарзодии буғум пайдо мешавад ва шакли дуввуми он, ки дар натиҷаи дигар бемориҳо ё ҷарроҳатҳо пайдо мешавад.

Шакли аввалияи ин беморӣ дар синнӣ кӯдакӣ ё ҷавонӣ рушд мекунад ва омили пайдоиши он, ташаккулёбии нодурусти буғумҳо ё дастгоҳи рагу пай ба шумор меравад. Ингуна буғум ҳангоми роҳгардӣ, ба фишори аз андоза зиёд мувоҷеҳ мегардад ва маҳз ин фишор ба корношоямии он оварда мерасонад. Шакли дуввуми гоноартроз бошад бештар бо сабаби ҷароҳатҳои бардошта, шикастани устухонҳои пой, зарбат хурдан ё баромадани зону, ки бо зиён дидани қисматҳои устухонӣ ва тағоякии буғум ва дастгоҳи пайвандии он ҳамроҳ мегарданд, ба вуқӯ мепайвандад.  Дар ин гуна ҳолат артрози баъдиҷароҳатии буғуми зону рушд мекунад.  Фишори зиёд болои пойҳо, ки бештар хоси варзишгарон мебошад ва фарбеҳии аз ҳад зиёд низ метавонанд боиси пайдошавии ин беморӣ гарданд. Артрит ё варами буғумҳо яке аз сабаҳои дигари пайдоиши он ба ҳисоб меравад.

Ҷараёни патологии ин беморӣ метавонад як ё  ҳарду зонуро дар бар гирад. Дар натиҷаи ҷароҳат бештар артрози яктарафа (масалан зонуи рост) ба вуқӯ меояд ва аз фарбеҳии аз андоза зиёд бошад артрози ҳар ду зону пайдо мешавад. Артрози буғуми зону рушди тадриҷӣ дорад. Дар баъзе маврид давраи ибтидоии беморӣ, ки ҳангоми он аломатҳои мушаххас  (дарди зону ва тағйири шакли он) вуҷуд надоранд, моҳҳо ва солҳо тӯл мекашад. Дар ин маворид одами бемор танҳо каме нороҳатиро дар қисмати зонуи худ эҳсос мекунаду халос. Аз ҳама бештар ба ин беморӣ занҳои аз 40 сола боло, ки вазни зиёдати ва паҳншавии варикозии рагҳоро доранд  мубтало мегарданд.

Рушди ин беморӣ чанд давраро дар бар мегирад: Давраи ибтидоӣ, ки метавонад моҳҳо ва солҳо тӯл кашад. Дар ин давра беморон аз дарди гоҳ гоҳи зону, хусусан ҳангоми бархостан аз хоб ва оғози ҳаракат ва ҳангоми боло ва поин рафтан аз зинапоя азият мекашанд. Давраи дуввум. Дар ин давра дард сахттар гардида, ҳангоми ҳар гуна ҳаракат пайдо мешавад. Дар ноҳияи буғумҳо моеъ ҷам мегардад ва ҳангоми муоина таъғири шакл пайдо кардани зону ба назар мерасад. Ҳаҷми ҳаракат низ дар зонуи бемор кам мегардад. Давраи саввум. Дар ин давра дард ҳатто дар ҳолати ороми низ намегузарад. Ҳангоми тағёири обу ҳаво беморон худро бадтар ҳис мекунанд. Буғумҳо дар ин давраи беморӣ бештари қобилияти кории худро аз даст медиҳанд, пойҳо дар зону қариб қад намегарданд ва ё то зону рост намешаванд.

Ташхиси ин беморӣ рентгени буғумҳои зону  ва ташхиси ултрасадоиро (УЗИ) барои чен кардани баландии тағояки буғум ва муайян намудани артрит, дар бар мегирад. Гузаронидани МРТ низ метавонад аз пайдоиши артроз дарак диҳад. Аммо аз ҳама ташхиси аниқро рентген медиҳад. Табобат аз давраи беморӣ вобастагӣ дорад. Аммо дар бештари маврид танҳо муввақатан хобонидани дард муяссар мегардад. Бо вуҷуди ин агар беморӣ дар давраҳои аввалияаш ошкор карда шавад ва сабабҳои пайдоишаш бартараф гарданд (масалан вазни бадан кам гардад) имкони шифои пурра ёфтан низ вуҷуд дорад. Тарзҳои табобати бемори низ чанд марҳаларо дар бар мегиранд. Қадами аввал табобат бо дору ва масҳи муолиҷавӣ (массаж) ба шумор мераванд.  Марҳалаи баъдии табобат амали ҷарроҳӣ ба шумор меравад. Аммо ин марҳала танҳо ҳангоме, ки табобати консервативӣ натиҷа намедиҳад, амали мегардад. Технологияҳои муосир имрӯз имкон медиҳанд  ҷарроҳии буғуми зону хеле самаранок анҷом дода шаванд. Яке аз усулҳои муосири ин гуна ҷарроҳӣ, иваз кардани буғуми зону ё эндопротез ба шумор меравад. Ин амали ҷарроҳӣ имкон медиҳад қобилияти кории буғум ва ҳаракати пурраи он аз нав барқарор гардад.

Дар шӯъбаи ортопедии Бемористони Ибни Сино ин усули муосири ҷарроҳиро бо мувафақият анҷом медиҳанд. Шӯъбаи ортопедии бемористон бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он мутахассисони варзида фаъолият мекунанд.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст