{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Уфтодагии маҳбал (влагалища) ва сустшавии мушакҳои кос яке аз мушкилоти густардаест, ки занон пас аз зоймон бо он дучор мешаванд. Баъд аз зоймони табиӣ мушакҳои узвҳои таносулии занон суст шуда, боис ба фаромадагии  девораҳои маҳбал, беҷо ва хориҷ шудани он аз ҷои  маъмулӣ мегардад. Дар натиҷа беихтиёрии пешоб ё таъхир дар он, ноҳинҷорӣ дар робитаи ҷинсӣ, эҳсоси вазн ва кашиш ҳангоми роҳ рафтан ва ҳатто дард дар ноҳияи маҳбал пайдо мешавад. 

Далоили уфтодагии андомҳои кос инҳоянд: 
* Зоймони душвор ва тулонӣ, ки боиси осеби қаъри кос мешавад.
• Бештар аз се фарзанд
* Норасоии мушакҳо ва бофтҳои пайвасткунанда
* Изофавазн
* Камҳаракатӣ 
* Бардоштани ашёи сангин 
* Қабзи шикам
* Омосҳо

Танҳо роҳи рафъ ва дармони ин мушкил амали ҷарроҳии пластикӣ аст. Бо амали ҷарроҳӣ андоми таносулии занон дубора бозсозӣ шуда,  ба ҳолати пешини худ бармегардад. барқарор мешавад. Амали ҷарроҳии барқарорсозӣ ва зебосозии маҳбал имрӯз дар соҳаи пизишкӣ фаровон ба кор меравад.  Ин амал дар Бемористони Ибни Сино ҳам аз  сӯи мутахассиси варзида Ситора Қодирова ҷарроҳ ва пизишки амрози занон дар сатҳи боло анҷом мешавад. 
 

Тафсилоти бештарро дар бораи амали барқарорсозии узвҳои ҷинсии занон аз инҷо дарёфт кунед. 
Дар бораи нархи хидмати ин навъи ҷарроҳӣ ин пайвандро боз кунед. 
Агар дар бораи мушкилоти пас аз зоймон ва роҳҳои рафъи онҳо донистан мехоҳед, инҷоро бихонед.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст