{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Зебоӣ боиси эътимод ба нафси худ аст!

Зебоӣ барои зан хеле муҳим аст, махсусан зебоии зоҳирӣ. Зеро зебоӣ боиси эътимод ба нафси худ  мешавад. Аз ин рӯ занон мекӯшанд дар баробари чеҳраи зебо, бадани мутаносиб низ дошта бошанд  ва ин амр  дуруст ҳам ҳаст, чунки зебоии инсон на танҳо дар малоҳати симои ӯст, балки солимӣ низ ҷузъи муҳими зебоӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамл ва валодати зиёд, синну сол омилҳоеанд, ки ба эҳсоси ноҳинҷорӣ ва тағйири шакли берунаи узвҳои таносул боис мешаванд.

Барои ба даст овардани зебоии узвҳои таносул амалҳои тармимии мавзеъҳои маҳрамонаро анҷом медиҳанд. Мутаассифона ба сабаби табу ва пӯшида будани ин мавзӯъ, бештари хонумон дар мавриди ин амалҳо маълумоти кофӣ надоранд.

Тармими мавзеҳои маҳрамона чӣ мушкилиҳоро метавонад рафъ созад?

Тармими мазеҳои маҳрамона маҷмӯи амалҳои плостикиест, ки бо ҳадафи ҷавонсозӣ, барқарор ва танзими  узви таносул анҷом мешавад.

Чанд навъи амалҳои тармимии мавзеи маҳрамона вуҷуд дорад:

-Тармими лабҳои хурди узви таносули занон дар сурати пеш омадани нороҳатӣ ҳангоми  алоқаи ҷинсӣ анҷом дода мешавад ва маъмулан ин амал камзахм мебошад.

- Вентрофиксатсия - одатан барои занҳои синни боло, ки фуромадагии бачадон доранд ё  барои беҳтар кардани ҳаёти ҷинсӣ анҷом дода мешавад. Барои ин бачадонро ба девори пеши шикам медӯзанд, ки аксаран ин амал бо дастрасии болоимаҳбалӣ амалӣ мегардад.

-Коррексияи шакл ва андозаи лабҳои калони узвҳои таносул бо истифода аз филлерҳо ё бофти чарбии худи зан анҷом меёбад.

Колпорафӣ- танзими андозаи маҳбал бо усули ҷарроҳӣ мебошад.

Колпоперинеоплостик -  амали гинекологӣ аст: мушакҳои чатан ва девораи қафои маҳбал, ки поин фуромадаанд, бо мақсади барқарор ва мустаҳкам кардани мушакҳои лаган дӯхта мешаванд.

Нишондодҳо барои пластикаи мавзеҳои маҳрамона:

1. Ассиметрияи лабҳои хурд ва калони узви таносул.

2. Гипертрофияи лабҳои хурди узви таносул.

3. Хурд шудани ҳаҷм ва уфти тонуси лабҳои таносул бо сабаби солхӯрдагӣ.

4. Вайрон шудани шакл дар заминаи валодати вазнини бо ориза.

5.  Вайрон шудани шакл пас аз осеби узвҳои берунаи таносул.

6. Тағйироти синнусолии мавзеи маҳрамона.

Амалҳои тармимӣ зиддинишондодҳо  низ доранд. Барои занҳои ҳомила ва ширдеҳ, ҳатто дар сурати вайрон шудани ҷиддии шакли мавзеи боназокат анҷоми амал қатъиян манъ аст. Инчунин вуҷуди раванди илтиҳобӣ, бемориҳои рӯҳӣ ва аутоиммунӣ, ихтилоли лахтшавии хун, бемориҳои саратон ва системи дилу раг анҷоми амалҳои тармимиро ғайриимкон месозанд.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст