{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Зарари кунҷковии кӯдакон ба узвҳои роҳи нафас

Зарари кунҷковии кӯдакон ба узвҳои роҳи нафас

 

 Кӯдакон дар солҳои аввали ҳаёт бо роҳи ламс кардан ба омӯзиши узвҳои бадани худ шурӯъ мекунанд. Кунҷковӣ ва ҳиссиёти нав водор месозад, ки кӯдаки шумо бори аввал ба ковокии бинии худ ангушт бизанад. Рӯзе дар зеҳни ӯ шояд суоле ба миён меояд: «Оё ба дохили ковоки бинӣ чизе ҷой кардан мумкин аст?».

 

Ин боис мешавад, ки баъзан кӯдакони то 5 - сола ба ковокии бинии худ қисмҳои хурди бозичаҳо, аз қабили танга, тугма, батарейкаву тири туфангчаҳо, нигин ё муҳра, писта, нахӯд ва ашёи дигарро ворид кунанд.

 

Аломатҳое, ки дар асари ворид шудани ҷисми бегона ба бинии кӯдак пайдо мешаванд, инҳоянд:

 

  • Атсазанӣ ва резиши оби бинӣ аз аломатҳои асосӣ аст, ки дар соатҳои аввал мушохида мешавад.
  • Баъдан душвории нафаскашӣ аз тариқи бинӣ ва резиши оби бинӣ омехта бо фассод ва хун илова мешавад.

 

Ҳангоми дучор шудан ба ин ҳолат набояд кӯдакатонро сарзаниш кунед! Ин боис мешавад, ки минбаъд ӯ чунин ҳолатро аз Шумо пинхон кунад ва сабаби оризаҳои дигар шавад. Ҳаргиз худсарона саъй накунед, то ҷисми бегонаро берун биёред. Агар мутмаин бошед, ки ҷисми воридшуда ба ковокии бинӣ ҳаҷман хурд аст, метавонед ба фарзандатон тарзи дурусти афшонидани биниро биёмӯзед ва бо ин роҳ он ашёро берун оред. Ҳатман пеш аз он ки ин корро анҷом дихед, бояд мутмаин бошед, ки фарзанди Шумо метавонад биниашро дуруст ва мустақилона афшонад, зеро бисёре аз кӯдакон ин корро нодуруст анҷом медиҳанд. Гоҳе кӯдакон ба ҷои ба берун афшонидан ба дохил нафаси сахт мекашанд ва ин боиси дарунтар рафтани ҷисми бегона мегардад.  Дар ҳоли берун наомадани ҷисм ҳатман ба пизишки гӯшу гулӯ ва бинӣ муроҷиат намоед, то ин ки пурра ковокии биниро аз назар гузаронад ва ҷисми бегонаро берун орад. Баъзан кӯдакон ду ва ё якчанд ашёро паи ҳам ба ковокии биниашон ворид мекунанд. Аз ин лиҳоз пас аз гирифтани он, ҳатман бояд пурра аз муоинаи мутахассис гузашт ва мутмаин шуд, ки ашёе дар бинӣ боқӣ намондааст.

 

Оризаҳои сари вақт берун накардани ҷисми бегона аз дохили бинӣ:

 

1.            Ба санг мубадал гаштани он (ринолит).

 

2.            Душворшавии нафаскашӣ тавассути бинӣ.

 

3.            Илтиҳоби ҷавфҳо (гайморит, этмоидит ва гайра).

 

4.            Хунрезӣ аз бинӣ.

 

5.            Сӯрохшавии миёндевори бинӣ.

 

6.            Воридшавӣ ба роҳи поёнии нафас (бронхҳо ва шушҳо).

 

Барои пешгирӣ аз чунин ҳолат танҳо роҳи дурусти фаҳмондадиҳӣ ва дар дастраси кӯдак нагузоштани бозича ва ашёҳои хаҷман хурд ба шумор меравад. Аммо агар чунин ҳолат рух диҳад, мутахассиси гӯшу гулӯ ва бинӣ дар берун кардани он ба шумо кумак мекунад.

 

 

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст