{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Зарари истеъмоли беш аз ҳадди антибиотик ба саломатии инсон

Сол ба сол гурӯҳи нави антибиотикҳо ба бозор арза мешавад ва мардум аз онҳо ба сурати фаровон истифода мекунанд. Бавижа дар шароити ҳамагирии COVID-19 ниёз ба антибиотикҳо ҳам афзудааст. Донишмандони арсаи тиб ҳам борҳо аз истеъмоли беш аз ҳадди антибиотикҳо изҳори нигаронӣ кардаанд. Роҷеъ ба истеъмоли антибиотикҳо ва таъсири он ба саломатии  инсон бо доктор Ноҳида Ҳамроалиева, пизишки умумии Бемористони Ибни Сино, мусоҳибае анҷом дода шуд.

 

Чи тавр бояд антибиотик истеъмол кард ва қоидаҳои истеъмоли антибиотикҳо кадомҳоянд?

 

Аввалин ва асоситарин қоидаи истеъмоли антибиотикҳо ин аст, ки он танҳо бо тавсияи пизишк бояд сурат бигирад. Дуюм, ҳатман баъди хӯрок бояд истеъмол шавад ва сеюм ҳатман пеш аз тазриқи он бояд аз миқдори андаки он ба сурати санҷишӣ (проба) истифода кард. Проба ё тазриқи санҷишӣ аслан барои дарёфти антибиотик аз тариқи варид ё рагҳои хунгард ва мушакҳои бадан тавсия мешавад. Агар ба сурати ҳаб ё шарбат истеъмол шавад, бояд таваҷҷуҳ дошт, ки пас аз истеъмоли якум ё дуюми он  ҳолати умумии бемор метавонад тағйир ёбад. Масалан, пайдоиши доначаҳо дар бадан, сарчархзанӣ, дилзанӣ, дилбеҳузурӣ, дарди сар ва дарунравӣ аз нишонаҳои таъсири манфии он ба бадан аст.

 

Дар дастураламали баъзе антибиотикҳо навишта шудааст, ки дору бояд як соат пеш аз хӯрок ва ё ду соат баъди хӯрок истеъмол шавад. Чаро чунин аст?

 

Асосан қоидаи бисёре аз антибиотикҳо ин аст, ки онҳоро аслан набояд бо шиками гурусна масраф кард, бахусус барои онҳое, ки мушкили меъда доранд. Аммо бо меъдаи пур ва дарҳол пас аз хӯрок ҳам набояд истеъмол кард, чун қобилияти ҳазми антибиотик душвор ва кунд мешавад. Инчунин истеъмоли антибиотик ба чигунагии хӯрок ҳам вобаста аст. Масалан, гоҳе мешавад, ки бемор ғизоҳои донагӣ ва ё меваҳои ситрусӣ истеъмол мекунад ва истеъмоли ҳамзамони ин гуна хӯрокҳо бо антибиотик эҳтимол дорад ҳассосият эҷод кунад. Бино бар ин, дар дастурамали баъзе аз антибиотикҳо махсусан таъкид шудааст, ки чанд соат байни истеъмоли хӯрок ва дору бояд фосила бошад. Дар асл истеъмоли ҳаб ва ё шарбати антибиотик на камтар аз ним соат баъд аз хӯрок ва ҳамроҳ бо миқдори муайяни об бояд сурат бигирад. Ин хеле муҳим аст! Нафаре, ки бо шиками холӣ антибиотик истеъмол мекунад, хатари заҳролудшавӣ дорад. Ба ин хотир ҳатман дастурамали ҳар як антибиотикро пеш аз масраф бояд бодиққат хонд.

 

Онҳое, ки мушкили меъда доранд, оё метавонанд антибиотикҳоро ба сурати тазриқӣ (инъекция) истеъмол кунанд?

 

Антибиотик ба сурати тазриқӣ дар мушак ё варид на танҳо барои он тавсия дода мешавад, ки бемор мушкили меъда дорад, балки дар ҳолати баланд будани таб, вазнин будани ҳолати бемор ва ҷой доштани мушкилоти системи ҳозима низ тавсия дода мешавад. Шакли тазриқӣ инчунин зудтар таъсир мерасонад ва беморро зудтар шифо мебахшад.  Одатан худи беморон ба мо пизишкон ёдовар мешаванд, ки доруҳои муайянеро бо сабаби мушкили системи ҳозимаашон наметавонанд истеъмол кунанд. Аз ин рӯ, ба ин гурӯҳи беморон низ мо антибиотикҳоро дар шакли тазриқӣ тавсия медиҳем. 

 

Агар ба як нафар ҳамзамон истеъмоли шаш-ҳафт навъи дору дар дорухат навишта шуда бошад, вақту замони истеъмоли ин ҳама доруро бояд чи гуна танзим кард? Фосилаи истеъмоли байни ҳар дору бояд чи қадар бошад?

 

Мутаассифона, мувофиқат ё номувофиқатии доруҳо ба ҳамдигар дар бисёр мавридҳо маълум нест. Бино бар ин, таъсири ҳамдигарии доруҳоро бояд дар мадди назар дошт ва ҳатман бояд фосилаи истеъмол байни доруҳо риоят шавад. Фосилаи истеъмоли байни ҳар дору бояд на камтар аз 15 дақиқа бошад. Ҳастанд доруҳое, ки истеъмоли ҳамзамони онҳо ҳам мумкин аст ва таъсири манфӣ надорад. Мо гурӯҳи бемороне дорем, ки ба онҳо ҳатман таъкид мекунем, фосилаи масрафи доруҳоро риоят намоянд.

 

Оё истеъмоли машрубот ҳамгоми масрафи антибиотик мумкин аст?

 

Машрубот ва антибиотик аслан бо ҳам созгор нестанд.  Агар дар замони табобат бо антибиотик бемор машруботи спиртӣ ҳам истеъмол кунад, метавонад ба хатари заҳролудшавӣ ва ё ба ҳепотити токсикӣ гирифтор шавад. Бино бар ин, дар замони табобат набояд нӯшокиҳои спиртӣ масраф кард.

 

Гоҳе пизишкон ба бемор озмоиши ҳассосият ба антибиотикҳоро тавсия медиҳанд. Ин озмоиш барои истеъмоли антибиотикҳо то куҷо зарурат дорад?

 

Ҳастанд бемориҳои музмин, ки муддати тулонӣ беморро азоб медиҳанд ва дарёфти чанд намуд антибиотик ҳам чандон фоида надорад. Аз ин рӯ, озмоиши ҳассосият ба антибиотик зарурӣ аст. Теъдоди афроде, ки гирифтори бемориҳои музминанд, зиёд аст ва онҳо ҳатман бояд ин навъи озмоишро супоранд, то муайян шавад, ки кадом навъи антибиотик ба дарди онҳо даво мебахшад.

 

Проба (санҷиш) чи?

 

Проба ё тазриқи санҷишии антибиотик асосан замоне сурат мегирад, ки бемор бори аввал антибиотикро ба сурати тазриқӣ дарёфт мекунад. Барои ин ки бидонем баданаш ин доруро қабул мекунад ё не, бояд доруро санҷид. Ҳангоми гузоштани проба бадан ба антибиотик зуд ҳассосият нишон медиҳад. Аммо агар ба сурати ҳаб истеъмол шавад, суръати пайдошавии ҳассосият эҳтимолан камтар мешавад. Бино бар ин, агар антибиотик ба сурати тазриқӣ тавсия шавад, зери пӯст як бор барои имтиҳон доруро ворид мекунанд ва муддати 15 дақиқа мунтазир мешаванд, ки атрофи он сурхӣ пайдо нашавад ва ё ҳолати умумии бемор тағйир наёбад.  Ҳассосият як раванди мураккаб аст ва гоҳе зуд ва гоҳ оҳиста-оҳиста пайдо мешавад. Дар ин ҳолат проба ё тазриқи санҷишӣ ҳам кумак намекунад. Баъзан мешавад, ки пас аз тазриқи дувум ё сеюм аломатҳои номувофиқатии бадан ба антибиотик пайдо мешавад.

 

То ҷое маълум аст, дар кишварҳои аврупоӣ дар ҳеч дорухонае, ба ҷуз витоминҳо ва чанд доруи ниёзи аввалия, дигар доруҳо, бахусус, антибиотикҳоро бе дорухат ба бемор намедиҳанд. Аммо дар Тоҷикистон дастрасии мардум ба доруҳо, бавижа антибиотикҳо, озод аст. Ҳар нафаре агар каме бемор шавад, бе тавсияи пизишк ҳам мераваду дору мехарад ва истеъмол мекунад. Шумо дар ин бора чи назар дорад?

 

Аслан, бидуни тавсия ва дорухати пизишк набояд хариду фурӯши ҳеч доруе сурат бигирад, бахусус антибиотик. Ин кор нодуруст аст.  Дар Аврупо кори дуруст мекунанд, ки бе дорухат дору намефурӯшанд. Аммо аз сӯи дигар, аз рӯи мушоҳидоти шахсиям дар давраи ҳамагирии COVID-19 метавонам бигӯям, ки мо пизишкон ба далели ин ки дастамон намерасид ба ҳар як бемор дору бинависем, маҳз дастрасӣ ба дору ва дорухонаҳо ба мо кумак кард, ки мардум роҳаттар табобат гирад. Мардум дар хонаҳои худ табобат гирифтанд. Масалан, дар инҷо ҳар нафаре бе мушкил бо даъват кардани парастор ба хонааш табобат мешавад. Ин шароит дар кишварҳои аврупоӣ каме фарқ мекунад ва андаке душвортар аст. Онҷо парасторон бе дорухати пизишк ҳеч доруеро барои бемор тазриқ намекунанд. То бемор вазнин нашавад, доруе тазриқ намекунанд. Дар кишвари мо бошад, мардум бе муроҷиат ба мутахассис ҳам ба худдармонӣ машғул мешаванд ва ин ҷанбаҳои манфии худро ҳам дорад. Мо намедонем, ки оқибаташ пас аз ним ва ё як сол чӣ мешавад. Бино бар ин, дастрасӣ ба дору барои мардуми мо дар ин шароити сахт шояд кумак карда бошад ҳам, аммо мо оқибатҳои онро ҳанӯз намедонем. Чун инҷо мушкили муқовим шудани бактерияҳо ба антибиотикҳо ба миён меояд. Масалан, як амписилини маъмулӣ, ки даҳ-бист сол пеш давои дардҳои зиёде дониста мешуд, имрӯз алакай таъсироташ кам шудааст. Пандемия инро бори дигар собит кард.

 

Он гуна ки Шумо зикр кардед, имрӯз мисли амписилин доруҳои дигар ҳам ба монанди левомисетин, гентамитсин ё битсилин камтар тавсия дода мешаванд. Чаро имрӯз талабот ба ин доруҳо камтар шудааст? Оё бактерияҳо ба ин доруҳо муқовим шудаанд ё ин ки мушкилоти дигаре ҳаст, ки ин доруҳо аз истифода тақрибан берун шудаанд?

 

Битсилин антибиотики гурӯҳи пенисилин аст ва доруи бисёр вазнин аст. Агар ба сохтори дору нигоҳ кунем, мебинем, ки он чанд баробар вазнинтар аз сефтриаксон аст. Мо имрӯз бештар дар бораи сефтриаксон, сефазалин, сефиксим мешунавем ва аз онҳо истифода мекунем, чунки ин доруҳо заҳрнокии (токсичность) камтаре доранд нисбат ба битсилин ё гентамитсин. Ин доруҳо комилан аз истифода берун нашудаанд, аммо бо сабаби маводи саммияшон (токсичность) имрӯз камтар мавриди истифода қарор доранд.

 

Имрӯз аз антибиотикҳои насли нав дар ҷаҳон ба таври густарда истифода мешавад ва донишмандони соҳаи тиб ҳам аз он нигаронанд, ки агар бактерияҳо дар баробари ин доруҳои насли нав ҳам муқовим шаванд, чи кор мекунанд? Паёмадаш чи хоҳад буд? Шумо ба ин чи назар доред? Дар ҳоле ки дар кишвари мо аз антибиотикҳои насли нав фаровон истифода мешавад.
 

Дар замони пандемияи нав мо дидем, баъзе беморон чаҳор-панҷ навъи антибиотикҳоро истеъмол карданд ва танҳо баъди истеъмоли антибиотики панҷум табашон пойин рафт ва рӯ ба беҳбуд ниҳоданд. Чунки яке аз хусусиятҳои вируси COVID-19 ин аст, ки он сирояти бактериявиро (вторичная инфекция) ба вуҷуд меорад, ки бе антибиотик табобат кардан ғайриимкон аст. Мо таҷриба кардем, ки доруҳои насли пеш агар умуман таъсир накунанд ва ё таъсирашон кундтар асту табобати беморро тӯл диҳанд, доруҳои насли нав ду баробар зудтар таъсир мерасонанд. Пас ин маънии онро дорад, ки бактерияҳо алакай дар баробари доруҳои насли пеш муқовим шудаанд. Агар ҳамин раванд идома ёбад, ниёз ба антибиотикҳои насли оянда пайдо мешавад ва ин албатта нигаронкунанда аст, чун мо алакай антибиотикҳои насли охирро ба кор мебарем. Умедворам дорусозон антибиотикҳои нав ва муассиртарро кашф ва тавлид намоянд. Вақте беморони хориҷӣ аз Аврупову Амрико наздам меоянд, мегӯянд дар кишвари онҳо низ доруҳои насли пеш кайҳо истифода намешаванд. Аммо мо ҳанӯз ҳам аз ампитсилину амоксатсилин истифода мекунем.

 

Пас чаро аз ин доруҳо ҳанӯз ҳам дар инҷо истифода мешавад, агар дар кишварҳои пешрафта аз истифода баромада бошанд?

 

Дақиқан намедонам сабабаш чист, аммо назари шахсии ман ин аст, ки ин доруҳо нисбатан арзону дастрасанд, ҳарчанд таъсирашон нисбат ба антибиотикҳои насли нав заъифтар аст. Ин масъала бисёр масъалаи печида аст ва ҷанбаҳои ҳам иқтисодиву ҳам иҷтимоӣ дорад. Аз сӯи дигар мушкили муқовим шудани организм ба антибиотикҳои насли пеш ҳам ҷо дорад ва мо ночорем аз антибиотикҳои насли нав истифода барем. Пушти ин ширкатҳои дорусозӣ ҳам қарор доранд, ки тиҷорати бузургеро ба нафъи худ анҷом медиҳанд. Бо гузашти замон доруҳои қавитаре тавлид мекунанд ва мо ҳам ночор аз онҳо истифода мекунем ва организми худро ба онҳо мутобиқ месозем. 

 

Маълум аст, ки пас аз истеъмоли антибиотик системи эмании бадан заъиф мешавад, чун он ҳама гуна бактерияҳоро мекушад. Барои барқароршавӣ ва рафъи таъсири манфии антибиотикҳо пас аз табобат чи бояд кард? Чи тавсия медиҳед?

 

Ман ҳамеша такрор ба такрор ба беморон мегӯям, ки бояд тарзи ҳаёти солимро пеш бурд. Худи ҷисми инсон қудрати барқароршавиро дорад. Агар шумо ҷисми худро бо ғизои солим, хоби солим ва оби соф таъмин кунед, он барқарор мешавад. Ва албатта истеъмоли ҳарчи бештари сабзавоту меваҷот ҳам бисёр муҳим аст. Агар зиндагии солимро пеш барем, талабот ба антибиотикҳо чандин баробар камтар мешавад.  

 

Оё истеъмоли пробиотик барои барқарории кори рӯдаҳо пас аз давраи табобати антибиотик ҳатмист ё не? Дар кадом ҳолат зарурати истеъмоли пробиотик вуҷуд дорад?

 

Истеъмоли пробиотикҳо ду фарзия дорад. Тибқи яке аз фарзияҳо гуфта мешавад, ки истеъмоли пробиотикҳо бефоида аст. Тибқи фарзияи дуввум гуфта мешавад, ки барои бартараф кардани мушкилоти рӯдаҳо пас аз дармони антибиотик кумак мекунад. Дар ҳар сурат, ман дар рафти фаъолиятам мушоҳида кардаам, ки пробиотикҳо фоидаоваранд ва истеъмолашон таъсири мусбат дорад. Одатан мо пробиотикро барои он нафароне тавсия медиҳем, ки соле чанд маротиба антибиотик истеъмол мекунанд. Агар шахс бештар аз ду маротиба антибиотик истеъмол кунад, барояш ҳатман пробиотик тавсия дода мешавад. Дар ин сурат шахсро лозим аст ё ҳамзамон бо антибиотик ва ё баъд аз итмоми давраи табобат пробиотик масраф кунад. Аммо ҳастанд беморони гирифтори сироятҳои музмин, ба монанди холесистити музмин ва ё пиелонефрити музмин, ки се-чаҳор маротиба дар сол чандин навъи антибиотикро масраф мекунанд. Барои ин гурӯҳи беморон истеъмоли пробиотик ҳатман ҳамроҳ бо антибиотикҳо тавсия дода мешавад, то биофлораашон дучори мушкил нагардад.  

 

Ташаккур барои суҳбати ҷолиб!


Саломат бошед!

 

 

 

 

 

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст