{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Тропинин тести ҳассос барои ошкор кардани саривақтӣ ва пешгирии бемории ишемикии дил

Тропонин - сафедаест, ки дар раванди кашишхӯрии мушакҳо ширкат мекунад. Ин сафеда танҳо дар дохили мушакҳои арзӣ-риштаӣ(поперечно-полосатой) ва мушакҳои дил вуҷуд дорад, аммо дар мушакҳои софу ҳамвор дида намешавад.

Тропонин аз се сафеда таркиб ёфтааст, ки тропонини С, тропонини I ва тропонини Т номида мешаванд.

Тропонини Т хоси мушакҳои дил мебошад ва дар мушакҳои искелетӣ, танҳо дар давраи ҷанинии рушд вуҷуд дорад. Тропонини I низ то имрӯз танҳо дар мушакҳои дил ташхис дода шудааст ва ин ду тропонинро (Т ва I) инчунин "тропонинҳои қалбӣ" унвон мекунанд.

Ҳангоми осеби ишемикӣ ё осеби дигари селулҳои (ҳуҷайраҳо) миокорд, печидаи тропонинӣ тақсим шуда, молекулаҳои тропонин вориди хун мегарданд. Ин нишондиҳандаи некрози мушакҳои дил буда, саривақт ошкор кардани он ба табобати беморӣ кӯмак мекунад. Бо равишҳои муосири озмоиш ҷамъшавии тропонинро, аллакай баъди 3-4 соати сакта (ҳатто сактаи хурд) мешавад муайян кард. Дар натиҷа тести тропонин имкон медиҳад, ки хеле зуд сактаи миокордро ошкор кунанд ва ин ба табибон барои табобат вақти бештар медиҳад.

Анҷоми тестҳои тропонин, ҳатто дар марҳалаҳои баъдӣ, вақте ки маркерҳои дигар(CPK mb) низ дар хун ба меъёр меоянд, муҳимманд. Ҳамин тавр, ҳатто дар ҳолатҳое, ки мариз бо сабабҳои гуногун саривақт ба бемористон интиқол дода нашавад ҳам, тести тропонин имкон медиҳад ташхиси дақиқи сактаи миокорд гузошта шавад. Дараҷаи ғализии тропонин дар хун на танҳо имкони ташхиси дақиқи сактаро фароҳам меоварад, балки имкони табобати муассирро низ пешгӯӣ мекунад.

Бемориҳои системи дилу раг солиёни дароз аз лиҳози маргумир дар радифи дигар бемориҳо дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҷои аввалро ишғол мекунанд. Тибқи маълумоти омории Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ҳамасола аз сактаи миокорд наздики 4,3 миллион сокинони Аврупо мемиранд, ки 48 дарсад аз теъдоди умумии сабабҳои марг ба шумор меравад.

Солҳои тӯлонӣ ташхиси сактаи миокорд аз рӯи алоими клиникӣ ва нишондиҳандаҳои ЭКГ сурат мегирифт. Аммо аз соли 2010 барои ташхиси сактаи миокорд дар як қатор кишварҳо тести тропонин мавриди истифодаи васеъ қарор дода шуд. Ин равиш қадами устуворе дар ташхиси саривақтӣ ва дақиқи сактаи миокорд ба шумор меравад.

 

 

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст