{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Тетрадо Фалло ва табобати он

Ҳарсола дар Тоҷикистон наздики 11 000 кӯдак таваллуд мешавад ва пизишкон ба  ин навзодон нуқси модарзодии дил (НМД)- ро ташхис медиҳанд. Нуқси модарзодии дил нуқси анатомиест, ки дар ҳафтаҳои 2-юм то 8-уми ҳомилагӣ, ҳангоми шаклгирии дил ва дигар узвҳо  рушд мекунад.

Дар кулл тибби муосир тамоми иллатҳои модарзодии дилро ба ду даста:  НМД-и навъи камранг (мубҳам), вақте пӯсти навзод ранги ғайритабиии сафед дорад ва НМД-и навъи "кабуд", вақте бо сабаби сианоз (олудашавии хун бо СО2) пӯсти навзоди бемор кабуд мегардад, тақсимбандӣ намудааст. Дар миёни НМД - ҳои навъи кабуд  Тетрадо  Фалло яке аз паҳнгаштатарин мебошад.

Ин беморӣ  бори аввал аз ҷониби патологоанатоми фаронсавӣ  Этьен-Луи Артур Фалло, дар  соли 1888  ба қайд гирифта шудааст ва  ба ин далел онро Тетрадо Фалло (аз юнонӣ - гурӯҳи чоргонаи Фалло) ном ниҳодаанд.

Бемории мазкур 4 нишонаи асосии анатомӣ  дорад. Ин нишонаҳо иборатанд аз:

- ҷойгиршавии ғайримаъмулии аорта ба тарафи рост (декстропозиция), ё қисман васл шудани он ба меъдачаи рост, нишонаи аввали Тетрадо Фалло дониста мешавад.

- бо сабаби ғайритабиӣ ҷой гирифтани аорта тангшавии қисми мушакии шарёни шушӣ ба вуҷуд меояд;

- бо сабаби танг шудани шараёни шушӣ, қисмати рости дил фишори зиёдтар мебинад, чаро ки ҳамли хун ба қисмати чап осонтар шудааст. Ин иллат ба гипертрофӣ (ғафс шудани девораи мушакии меъдачаи рост) боис мешавад  ва дил шакли мӯзачаро мегирад;

- нишонаи дигари ин нуқс ҷой доштани сӯрохии девораи байни меъдачаҳои дил мебошад, ки тавассути он хуни байни маъдачаҳо ҷорӣ мешавад ва ихтилоли гемодинамикиро пеш меорад. 

Хуни омехташуда  бо суръат дар доираи бузурги гардиши хун (хун дар 25 сония ин масирро тай мекунад) ҳаракат мекунад, узвҳо ва бофтаҳоро бо оксижен таъмин накарда бармегардад. Вақте сатуратсияи (ғанӣ гаштани хун аз оксижен) хун то 94 дарсад ва поинтар меравад, кори тамоми узвҳои бадан халалдор мегарданд: кори мағз кунд мешавад, системи иммунӣ (дифоъӣ) ва рагу дил заиф мегарданд, нафасгирӣ душвор мегардад ва нафастангӣ пайдо шуда, қисматҳое аз пӯст кабуд мегардад. Кӯдакони дорои ин иллат бо душворӣ  вазн мегиранд ва ҳолатҳои соддае монанди гиря кардан, хандидан, хӯрдан ва ғ. барояшон душвор ба даст меоянд.

Ташхис

Ташхиси ин беморӣ дар асоси анамнез (таърихи беморӣ) ва нишондодҳои муоинаи клиникӣ (болинӣ) тавуссути рентгенографии қафаси сина, ЭКГ ва ЭхоКГ-и ду камераӣ гузошта мешавад.

Рентгенографии қафаси сина

Ин навъи ташхис, дилро ба сурати як кафши чӯбин, бо хамшавии бахши шараёни шушӣ ва тасвири камранги раги шуш ошкор мекунад. Камони аорта дар ин ташхис 25 дарсад ҳузур дорад.

Электрокардиографӣ (ЭКГ)

Электрокардиографӣ (ЭКГ) гипертрофии меъдачаи рост ва гипертрофии даҳлези дилро нишон медиҳад.

Эхокардиогрофӣ (ЭхоКГ)

Ташхиси ин беморӣ инчунин тавассути эхокардиографӣ (ЭхоКГ) низ гузошта мешавад. Эхокордиогрофии ду камеравӣ метавонад то ҳадде ҷойивазшавии  аортаро ба самти рост, андозаи сӯрохи девори байни меъдачаҳои дил, дараҷаи тангии шарёни шушӣ ва гипертрофии меъдачаи ростро  муайян кунад.

Табобати доруии  бемории Тетрада Фалло судманд нест  ва роҳи ягонаи наҷоти  беморон  амали ҷарроҳӣ аст. Агар ҳолати кӯдакон барои анҷоми амали ҷарроҳӣ мусоид бошад, ҷарроҳиро анҷом медиҳанд. Ҳамин тавр,  мешавад гуфт, ки Тетрадо Фалло табобатшаванда аст ва ҳарчи барвақттар онро ислоҳ кунед, ҳамон қадар ба рушди кӯдак фоидабахш аст. Бемори ҷарроҳишуда, бояд сари чанд вақт ба муоинаи табибон ҳозир шавад ва тарзи ҳаёти солим барад.

 

 

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст