{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Тести варзиш чист ва барои чи анҷом дода мешавад?

Тести варзиш, ки ба он тести истресс низ мегӯянд, барои муайян кардани фаъолияти қалб ҳангоми фишори ҷисмонӣ бар бадан анҷом дода мешавад. Ин тестро пизишки қалб барои афроде, ки аз бемориҳои дил ранҷ мебаранд, таъин мекунад. Тести варзиш махсусан барои бемороне тавсия мешавад, ки аз бемории шараёни коронарӣ ё ритми номуназзами қалбӣ (оритмӣ) ранҷ мебаранд.

Тести варзиш чи гуна анҷом мешавад?

Пеш аз шуруъи тест сараввал бемор муоина мешавад. Аз санҷиши фишори хун ва озмоиши ЭКГ мегузарад.

Тести варзиш рӯи дастгоҳи дав (беговая дорожка) ё дучархаи собит сурат мегирад. Вуҷуди ин дастгоҳ дар ҳар бемористон ва дармонгоҳ бисёр муҳим аст, зеро он кумак мекунад фаъолияти дили бемор дақиқтар баррасӣ шавад. Вақте бемор тести варзишро шуруъ мекунад, мушакҳо ниёзи бештаре ба хунрасонӣ пайдо мекунанд ва бино бар ин зарабони қалб ҳам бештар мешавад. Ҳамзамон бо ҳаракати ҷисмонӣ фишор, зарабони қалб, танаффус ва таҳаммули сарбории дили бемор ба фаъолияти баданӣ ба воситаи роёна (компютер) ва дастгоҳи фишорсанҷ назорат ва санҷида мешавад. Бемор, то замони таҳаммул кардани фишори ҷисмонӣ, пайдо шудани нафастангӣ ё дард, рӯи дастгоҳи дав ба муддати тақрибан то 5-6 дақиқа ҳаракат мекунад. Баъзе беморон 3-4 дақиқа бештар наметавонанд бидаванд. Ин вобаста ба кори дили онҳост. Баъди анҷоми тести варзиш вазъияти бемор то 10 ё 15 дақиқа то ба меъёр омадани зарабони дил назорат мешавад.

Чи гуна худро барои тести варзиш омода созем?

Пизишкон тавсия медиҳанд, ки қабл аз анҷоми тести варзиш бояд чанд нуктаро риоят кард.

Се соат қабл аз тест бемор бояд аз кашидани сигор, хӯрдани хӯрок, истеъмоли маводди дорои кофеин ва нӯшидани машрубот парҳез кунад.

Доруҳо бояд мувофиқи тавсияи пизишк масраф шавад.

Беморони диобети қанд бояд қабл аз анҷоми тести варзиш дар мавриди истеъмоли хӯрок ва доруҳои худ бо пизишк машварат кунанд.

Бемор қабл аз анҷоми тест набояд фаъолияти шадиди ҷисмонӣ дошта бошад.

Тести варзиш лар муйян кардани бемориҳои дил нақши калидӣ дорад бо ин ҳадафҳо анҷом дода мешавад:

  • Муайян намудани иллати дард дар қафаси сина;
  • Таъйини тавонмандии кори дил;
  • Ташхиси бемории шараёни коронарии дил;
  • Ташхиси оритмӣ;
  • Назорати раванди дармони беморони қалб;
  • Таъйини замони амали ҷарроҳӣ;
  • Кумак ба пизишк дар анҷомии ЭХОКГ.

Дар Бемористони ибни Сино ҳама бемороне, ки мушкилоти қалби доранд, ҳатман аз Тести варзиш мегузаранд.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст