{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

ТАВСИЯҲОИ СОЗМОНИ БЕҲДОШТИ ҶАҲОНӢ БАРОИ МУҚОБИЛА  БО ПАЁМАДҲОИ МАНФИИ ҚАРАНТИНА

Ба маълумоти Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ, ҳамагирии COVID-19 боис шуда, ки бисёре аз мардуми ҷаҳон гӯшанишин шуда, робитаҳои иҷтимоӣ ва фаъолиятҳои бадании худро коҳиш диҳанд. Ин барои саломати равонӣ ва ҷисмонии мардуми ҷаҳон паёмадҳои манфӣ хоҳад дошт.

Бино бар ин Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ба хотири пешгирӣ аз паёмадҳои манфӣ ва зиёнбори қарантина ва гӯшанишинии мардуми ҷаҳон чаҳор тавсияи муфидро пешниҳод кардааст, ки ҳамагон бояд аз онҳо истифода кунанд.

  1. ТАМРИНҲОИ БАДАНӢ

Имрӯз дар шароити ҳамагирӣ фаъолиятҳои баданӣ беш аз пеш муҳиманд. Тамрин на танҳо ба саломатии ҷисмонӣ, балки ба саломатии равонӣ ҳам асароти мусбат дорад.  Бино ба таъкиди мутахассисони Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ҳатто як тамрини 3-4 дақиқаӣ, ба монанди пиёдагардӣ барои беҳтар сохтани гардиши хун ва кори мушакҳои бадан хеле кумак мекунад. Тамрин инчунин барои танзими фишорбаландӣ, танзими вазн, коҳиши бемориҳои дилу раг, ҷилавгирӣ аз сактаи қалбӣ ва мағзи сар, диабети навъи 2 ва бемориҳои гуногуни саратонӣ фоида дорад.  Бахусус тамриноти нигаҳдории таодул ба афроди солманд кумак мекунанд, то аз афтидан ба замин ва осеб дидан пешгирӣ кунанд. Фаъолияти мунтазами ҷисмонӣ моро водор ба барномарезии дуруст ва муошират бо хонаводаву дӯстон водор месозад. Он ҳамчунин барои рӯҳу равон муфид буда, хатари афсурдагӣ ва бемориҳои равониву асабхастагиро кам мекунад.

Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ дастурамали мизону муддатзамони тамринро барои афроди синни мухталиф таҳия карда, ки чунин аст:

Кӯдакони то 1-соларо, ки аксаран ҳанӯз наметавонанд мустақилона ҳаракат кунанд, бояд ҳангоми бедорӣ ба шикам хобонд ва ин тамринот на камтар аз 30-дақиқа дар рӯзро бояд фаро гиранд.

Ҳамаи кӯдакон на камтар аз 180 дақиқа дар рӯз бояд таҳаррук дошта бошанд ва аз ин нишондод на кам аз 60 дақиқа дар рӯзро бояд сарфи тамринот кунанд. Афроди калонсол на кам аз 150 дақиқа дар рӯз бояд фаъолияти баданӣ дошта бошанд. Барои беҳтар кардани саломатӣ ба афроди солим тавсия дода мешавад, ки тӯли вақти тамриноти баданиро бештар кунанд ва онро то 300 дақиқа бирасонанд. Барои беҳбуди системи мушак ва устухон бошад, на камтар аз ду рӯз дар ҳафтаро бояд барои варзишҳои вазнин ҷудо кард. Солмандон на кам аз се рӯз дар ҳафтаро бояд сарфи тамриноти сабук кунанд.

  1. МУРОҚИБИ САЛОМАТИ РАВОНИИ ХУД БОШЕД.

 

Роҳандозии қарантина дар бисёре аз кишварҳо бо ҳадафи коҳиши шуюъи бемории COVID-19, бисёре аз моро бо тағйироти ҷиддӣ дар зиндагӣ рӯ ба рӯ кард.

Кори ва таҳсили фосилавӣ, бекории муваққат ва надоштани тамоси физикӣ бо дигар аъзои хонавода, дӯстон, ҳамкорон кори осон нест.

Ҳамаи инҳо мушкилоти равонии хосеро барои ҳамаи мо эҷод мекунанд. Ин вазъият бахусус барои афроде, ки дорои мушкилоти равонӣ ҳастанд, боз ҳам душвортар аст.

Ҳоло ин фурсатро доред, ки бо машғулиятҳои зерин саломатии равониамонро ҳифз намоем ва ба наздиконамон ҳам, ки ниёз ба муроқабат ва пуштибонии бештаре доранд, кумак кунед:

- Аз вазъият бохабар бошед. Тавсияҳо ва маслиҳатҳои мақомоти тандурустии миллӣ ва маҳаллиро гӯш кунед. Аз манбаъҳои мӯътабари хабарӣ, аз қабили телевизионҳо ва радиоҳои маҳаллӣ ё миллӣ истифода баред ва хабарҳои навро дар саҳифаҳои расмии СҶТ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ кунед.                                                       

-  Барнома ва нақшаи рӯзро барои худ тартиб диҳед ва мувофиқи он амал кунед.

  - Вақти камтарро барои хондани ахбор  ихтисос диҳед. Кӯшиш кунед, ки вақти дидан, хондан ё гӯш кардани хабарҳоеро, ки боиси  истресс ё ё нороҳатии шумо мегарданд, камтар кунед. Дар сурати лозима, охирин хабарҳоро ҳамзамон юарои мисол  ду маротиба дар рӯз баррасӣ кунед.                                                                                                      

- Ҳифзи иртибототи иҷтимоъи ҳам бисёр муҳим аст. Бо наздикони худ тавассути телефон ё тариқи Интернет иртибот барқарор кунед.                                                                                                                                   

 - Истифодаи машрубот ё маводи мухаддирро маҳдуд кунед, чун истеъмоли онҳо ба саломати равонии шумо метавонад осеб расонад.

 - Шабакаҳои иҷтимоӣ. Аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои фиристодани паёмҳои мусбат ва хушбинона истифода баред.

- Ба дигарон кӯмак кунед. Агар шумо чунин имкон доред, ба одамони атрофатон, ки шояд ба кӯмак ниёз доранд, барои хариди маҳсулоти хӯрока, кумак кунед.                                                                                 

  - Кормандони соҳаи тандурустиро дасгирӣ намоед.  Тавассути конолҳои-онлойн ё соири конолҳои иртибототӣ, ба кормандони тиб ва ҳама афроде, ки дар мубориза бо бемории ҳамагири  COVID-19 ширкат варзидаанд, изҳори сипосгузорӣ намоед.

Аз табъиз худдорӣ варзед.

Тарс як вокуниши табиӣ ба вазъияти хос аст ва инсонро дар ин ҳолат эҳсоси ноамнӣ ва ноумедӣ фаро мегирад. Аммо баъзан тарс дар шаклҳои зоҳир мешавад, ки метавонад ба дигарон зарар расонад. Бинобар ин бояд:                                                                             

 - Бо ҳам меҳрубон бошед. Аз табъиз нисбати дигарон, аз тарси мубтало шудан ба COVID-19 худдорӣ кунед.                                                                                                                                                               

 -  Аз табъиз нисбат ба афроде, ки ба андешаи шумо, метавонанд кувид дошта бошанд, худдорӣ кунед.                                                           

 - Аз табъиз нисбати кормандони тиббӣ низ худдорӣ кунед. Кормандони тиббӣ сазовори эҳтиром ва қадрдонӣ ҳастанд.

- Аз бемории COVID-19 мардуми зиёде дар кишварҳои гуногун зарар диданд. Ин бемориро ба ягон гурӯҳи хоси аҳолӣ рабт надиҳед.                                                                                                                                                                                                                                  

  1. ТАҒЗИЯИ СОЛИМ ҲАНГОМИ ҲАМАГИРӢ

Ҳангоми бемории ҳамагири СОVID-19 доштани тағзияи солим бениҳоят муҳим аст. Реҷаи ғизоӣ метавонад ба тавоноии бадан дар муқобила ва мубориза бо беморӣ ва барқарорсозии бадан баъди беморӣ кумак кунад.

Албатта ғизо ё мукаммалоти ғизоӣ ба танҳои наметавонанд аз СОVID-19 муҳофизат кунанд ё ин ки бемориро дармон кунанд, аммо бо вуҷуди ин, доштани як реҷаи ғизоии солим барои ҳифзи системи эмании бадан, амри зарурист. Илова бар ин, як реҷаи ғизоии мӯътадил метавонад аз пайдоиши мушкилоти дигар, монанди фарбеҳӣ, бемориҳои қалбӣ, диабети қанд ва баъзе намудҳои саратон пешгирӣ кунад.

Тавсияҳо дар бобати тағзияи солим:

1.Ғизоҳои мухталиф, аз ҷумла мева ва сабзавотро зиёд истеъмол кунед.

2. Истеъмоли намакро камтар кунед.

3. Равған ва чарбуро ба миқдори кам истеъмол намоед.

4. Истеъмоли қандро ҳам камтар кунед.

5. Аз об фаромӯш накунед: ба андозаи кофӣ моеъот истеъмол кунед.

6. Аз истеъмоли зиёди машрубот худдорӣ кунед.

7. Имкони таъмини навзодонро ба шири модар фароҳам созед.

  1. АЗ СИГОР ДАСТ БИКАШЕД!

Афроди сигорӣ ба хатари бештари мубтало шудан ба вируси куруно мувоҷеҳанд, зеро ҳамеша бо ангуштонашон ба лабҳояшон мерасанд.

Ҳангоми мубтало шудан ба вируси куруно, бештар афроди сигоркаш дар маърази хатари навъи шадиди беморӣ қарор мегиранд, чун кашидани сигор ба фаъолияти шуш осеб мерасонад.

Барои кам кардани ин хатар ва оғози як зиндагии солим, бояд ҳар чи зудтар аз истеъмоли сигор даст кашид. 

Чигуна бар майл ба сигор пирӯз шавем: тавсияҳои кӯтоҳ.

1. Лаҳзаи кашидани сигорро ба таъхир андозед: дар замони ҳамагирӣ набояд бештар ба ин одати бад дода шавед.                                                                                                                                           

2. Нафаси амиқ бикашед: барои оромиши дарунӣ 10 нафаси амиқ бикашед, ин ба кам кардани майли сигоркашӣ дар шумо кумак мекунад.                                                                                                  

3. Зиёд об ва моеъот нӯшед: об беҳтарин ва солимтарин ҷойгузини сигор дар даҳон мебошад.                                                                                                                                                                          

4. Саъй кунед фикратонро машғули корҳои муфид кунед: душ бигиред, бихонед, ба сайру гашт бароед, мусиқи гӯш кунед ва ғайра!

Ба хадамоти кумакрасонии ҷои зистатон муроҷиат кунед. Аз ниҳодҳое, ки барои тарки сигор ва машрубот равона шудаанд, метавонед барои пушти сар кардани ин марҳилаи муҳим талаби кумак ва машварат кунед.

Матлаб баргирифта аз сойти Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ www.who.int аст.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст