{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Санги гурда ва роҳҳои пешоб, илтиҳоби гурдаҳо ва роҳҳои пешоб ва норасоии кори гурда аз бемориҳои уролоҷии роиҷ дар кишвари мо маҳсуб мешаванд.
 
Маълум аст, ки фаъолияти бадани инсон аз таҷзияи ғизо иборат аст. Ғизоҳо,  ки мо мехӯрем, ғайр аз маводи лозимӣ маводҳои нолозимро низ ба бадани мо ворид мекунанд. Яке аз вазоифи гурдаҳо тоза кардани хун аз маводи зараровар аст. Дар рафти ин амал худи гурда ва роҳҳои пешоб низ зарар мебинанд, ки пайдо шудани санг ва илтиҳоби гурдаву роҳҳои пешоб намунаҳои ин бемориҳоянд.
 
Касоне, ки баданашон хосияти сангсозӣ дорад, бояд як қатор қоидаҳоро дар истеъмоли ғизо риоят кунанд, ки онро дар забони тиб «парҳези рақами ҳафт» меномем.
 
Тибқи ин парҳез беморони мазкур бояд аз истеъмоли ғизоҳои бирён ва серравған худдорӣ намоянд.
 
Ҳамаи хӯрок бояд тақрибан бе намак пухта шавад. Бемороне, ки норасоии фаъолияти гурда доранд, набояд дар рӯз аз ду-се грам зиёд намак истеъмол намоянд, аммо бемороне, ки илова бар ин фишорбаландӣ доранд, хӯрокашон бояд ҳатман бенамак бошад.
 
Инчунин, ба ин беморон маҳдудияти истеъмоли сафеда тавсия дода мешавад, зеро аз сафедаҳо самумҳо ё заҳр хориҷ мешаванд ва безарар намудани онҳо дар зиммаи гурдаҳо аст ва ин ба кори онҳо халал мерасонад.
 
Онҳое, ки тибқи ин режим ғизо мехӯранд, бояд аз хӯрдани лубиё, гӯшт, гӯшти мурғи серравған, хӯрокҳои бирён, ҳасибҳо, консерваҳо, панир, шоколад, моҳиҳои серравған ва аз хӯрокҳои дигари дарозмӯҳлат даст кашанд.
 
Аз истеъмоли пиёз, сир, туршак (шавел), бодиринги шӯр, замбурӯғҳо ва ғайра низ бояд худдорӣ кард.
 
Нӯшидани чойи талх, қаҳваи талх, нӯшокиҳои газдор ва оби маъдане, ки натрий зиёд дорад, низ тавсия дода намешавад.
 
Ин режимро ба ғайр аз афроди дорои гурдаҳои сангсоз, онҳое, ки ҷарроҳиҳои уролоҷиро пушти сар кардаанд, бояд қатъиян риоят кунанд, чун дар табобати онҳо хеле кумак мерасонад. Барои маризон дар замони табобат ва баъди он истеъмоли гӯшт дар тӯли ду ҳафта тамоман мамнуъ аст. Бо гузашти замон истеъмоли ғизоҳое, ки аз гӯшти бе равған ба шакли обпаз омода шудаанд, иҷозат дода мешавад.
 
Тавсия мешавад, ки нон ва дигар маҳсулоти нонии аз орди навъи сафед омодашударо истеъмол намоянд.
 
Таркиби парҳези №7 чунин аст:
 
1.Нон ва дигар маҳсулоти нонӣ, ки аз орди навъи сафед омода шудаанд.
 
2. Шӯрбои камнамак аз равғани зард ва сабзавоти гуногун омодашуда.
 
3.Истеъмоли гӯшт дар ду ҳафтаи аввали табобат тамоман мамнуъ аст. Баъдан истеъмоли обгӯшти беравған иҷоза дода мешавад. Хӯрокҳои бирён тавсия дода намешаванд.
 
4. Як-ду дона тухми обпаз дар рӯз иҷозат аст.
 
5. Масрфи ширу ҷурғот низ ба миқдори кам мумкин аст.
 
6. Меваву сабзавоти тару тоза иҷозат аст.
 
7. Чойи камранг, чой бо шир, шарбати хӯч ва харбуза ва тарбуз
 
Дар навори оянда ба шумо дар бораи сабаб ва омилҳои пайдоиши бемориҳли уролоҷӣ иттилоъ медиҳем.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст