{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Ташхиси функсионалӣ ояндаи тиб!

Ташхиси функсионалӣ имкон медиҳад табибон бемориҳои гуногунро дар марҳилаи ибтидоии он ошкор намоянд.

Ин бахш имрӯз ба яке аз самтҳои бисёр муҳими тибби муосир табдил ёфтааст ва бархе онро ояндаи тиб низ меноманд. Ин намуди ташхис имрӯз дар бештари дармонгоҳҳову бемористонҳо ба ҳайси сохти ташкилии алоҳида фаъолият намуда, ба шакли утоқҳо ва бахшҳои дорои таҷҳизоти зарурӣ созмон дода шудааст.

Ташхиси функсионалӣ дар Бемористони Ибни Сино яке аз бахшҳоест, ки бо таҷҳизоти замонавӣ ва дақиқ муҷаҳҳаз гардидааст. Таҷҳизоти истеҳсоли олмонии ширкатҳои "Siemens" ва "GE" дар соҳаи ташхиси тиббӣ яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон ба шумор мераванд. Бахши ташхиси функсионалии Бемористони Ибни Сино аз Ангиограф, Ултрасадо (УЗИ усули таҳқиқи ултрасадоӣ), ЭКГ (кардиография барқӣ), Эхо-КГ (эхо кардиография), спирометр, томографияи компютерӣ ва рентгени рақамӣ иборат ёфтааст. Ин таҷҳизот имкон медиҳанд пизишкон бемориҳоро дурусту дақиқ ташхис карда, табобати саҳеҳ ва босамарро ба роҳ монанд.

Барои мисол дастгоҳи фаросавтӣ (УЗИ) дар ин бахши бемористон имкон медиҳад, маълумотро дар мавриди мариз чанд сол маҳфуз нигаҳ дорад, ки дар муқоисаи ҳолати узвҳо бисёр муҳим ба шумор меравад. Ба василаи  дастгоҳи фаросавтӣ ташхиси гурдаҳо, ҷигар, роҳҳои пешоб, узвҳои занона, ҳолати ҷанин дар батни модар ва ғ. гузаронида мешавад.

ЭКГ (кардиографии барқӣ) бошад, имрӯз дақиқтарин ва дастрастарин усули таҳқиқи кори дили инсон буда, дар фаъолияти амбулаторӣ мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтааст.

Дар бахши мазкур барои муайян намудани кори дил аз ЭХО КГ ва тести варзишӣ (стресс- тест) истифода мекунанд. Барои ташхиси кори шуш спирометр мавриди истифода қарор мегирад. Қисми дигари ин бахшро ташхиси рентгенӣ ташкил мекунад, ки аз утоқи рентген ва томографи компютерии истеҳсоли ширкати "Siemens" иборат ёфтааст. Томографияи компютерӣ низ яке аз бахшҳои самараноки ташхиси функсионалӣ ба шумор меравад. Ин навъи ташхис имкон медиҳад маълумоти дақиқтарро дар мавриди узв ба даст оварда, ташхис ва табобати дурустро заминасозӣ кунанд. Ғайр аз ин дар бемористон озмоишгоҳ  низ дар хидмати мизоҷон қарор доранд.

Маълумоти бештарро метавонед дар сомонаи мо: www.bis.tj пайдо кунед.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст